Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дурандеш" ҳашаротро бо ... ҳашарот мекушад


Озмоишгоҳи "Дурандеш"
Озмоишгоҳи "Дурандеш"

Созмони ҷамъиятии «Дурандеш» дар ноҳияи Восеъ бо таъсиси озмоишгоҳи биологӣ зидди ҳашароти зиёновар бо ҳашарот муборизаро оғоз кардааст.

Созмони ҷамъиятии «Дурандеш» дар ноҳияи Восеъ бо таъсиси озмоишгоҳи биологӣ мубориза бо ҳашароти зиёноварро оғоз кардааст. Сайфулло Зиёдуллоев, мутахассиси ин озмоишгоҳи биологӣ мегӯяд, онҳо ҳашароти фоидаоварро дар ин озмоишгоҳ парвариш мекунанд ва барои нобуд кардани ҳашароти зиёновар дар киштзорҳо раҳо мекунанд. Мубориза бо усули биологӣ, ба гуфтаи ӯ, самарабахштар аст.

Ӯ мегӯяд, ҳашароти фоидаовар, ки бар зидди ҳашароти зараррасон пешбинӣ шудааст, дар заминҳои кишти пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истифода бурда мешаванд. Коршиносони соҳа ҳашароти зараррасони заминҳои кишоварзиро меомӯзанд ва бар зидди онҳо ҳашарот раҳо мекунанд. Ӯ гуфт: «Дар фабрикаи биологии мо се намуди ҳашарот парвариш карда мешавад. Аз он ҷумла, триохогрма, яъне ба муқобили ҳашароте, ки ба тухми зироат зиён мерасонад. Ин дар ҳамаи намуди зироат истифода бурда мешавад. Дуюм, ҳашароте, ки истеҳсол мешавад, ин габрабракон аст, ба муқобили кирми ҳашароти зараррасон. Сеюм кирочашмак аст, ҳашароте, ки дар шираи зироат аст, нест мекунад. Кирочашмак то 10-15 фоиз тортанак ва канаро метавонад нобуд кунад».

Кишоварзон ин навъи мубориза бо ҳашаротро дар нисбат ба мубориза бо доруҳои кимиёвӣ муассиртар арзёбӣ мекунанд. Аз лиҳози молӣ низ раҳо кардани ҳашарот бар зидди ҳашарот дар нисбат ба доруҳои кимиёвӣ арзонтар дониста мешавад.

Лоиқ Бозоров, кишоварзи соҳибтаҷриба мегӯяд, таҷрибаи ҷаҳонии хоҷагидорӣ нишон дод, ки кӯшишҳои паст кардани сатҳи зиёноварии ҳашарот бо истифодаи якбору дубор бо доруҳои кимиёвӣ натиҷаи дилхоҳ надода, баръакс як қатор паёмадҳои манфӣ ба бор овардааст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон дигарбора аз усули биологӣ кор гирифта мешавад, ки манфиати чандҷониба дорад. Ӯ афзуд: «Рости гап, солҳои аввал мо бо зархимикатҳо кор мекардем, ки бисёр қиммат меғалтид. Агар мо дар як гектар 2 кило дору сарф кунем, 80 сомонӣ, яъне 160 сомонӣ мешавад. Барои дорупошӣ бо трактор сарф ба 400-500 сомонӣ мерасид. Ҳоло бо сар додани ҳашарот мо ҳамагӣ 40-50 сомонӣ сарф мекунем, ки ин барои мо манфиатовар аст».

Феълан, беш аз сад хоҷагии деҳқонии минтақаи Кӯлоб аз ҳашароти омодакардаи фабрикаи биологии «Дурандеш» истифода мекунад. Коршиносон мегӯянд, агар усули биологии мубориза бо ҳашарот ба ин тариқ идома кунад, бемориҳои сироятӣ низ коҳиш хоҳад ёфт.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии озуқа, ҳар сол дар ҷаҳон заминҳои зироати сокинон аз ҳуҷуми ҳашароти зараррасон то 30 дар сад нобуд мешавад. Кишоварзони минтақаи Кӯлоб бинобар зиён дидан наметавонанд ҳосили хуб бигиранд. Бар асари зиёнҳои пай дар пай хоҷагиҳои деҳқонӣ то ҳанӯз дар назди бонкҳо қарзҳои гароне доранд.

Созмони ҷамъиятии «Дурандеш» дар ноҳияи Восеъ бо кӯмаки ҳукумати маҳаллӣ ва созмонҳои мададрасон талош дорад, зиён дидани зироатҳои кишварзиро коҳиш диҳад.

Озмоишгоҳи ҳашаротшиносӣ дар Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00
XS
SM
MD
LG