Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 ҳазор нафар истеъфои сарвазири чехро талаб карданд


Прага, 23 июни соли 2019 года. Тазоҳуроти оммавӣ ба талаби истеъфои сарвазири чех Андрей Бабиш

Дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех бузургтарин тазоҳуроти сӣ соли охир бо ширкати даҳҳо ҳазор нафар ҷараён гирифт. Митинг дар боғи Летна, маконе баргузор гашт, ки соли 1989 ним миллион нафар зидди ҳукумати коммунистии ин кишвар намоиш барпо карда буданд.

Пулиси чех мегӯяд, дар тазоҳуроти 23 июн 200 ҳазор нафар ширкат кардаанд, вале созмондиҳандагони намоиши эътрозӣ арқоми бештареро номбар мекунанд.

Тазоҳурот зидди сарвазири чех Андрей Бабиш дар Прага ва дигар шаҳрҳои Чехия аз моҳи апрел ба ин сӯ идома дорад ва шумори ширкаткунандагони он то рафт бештар мешавад. Се ҳафта пеш аз 90 то 120 ҳазор нафар дар майдони марказии Прага намоиш барпо карданд. Ба сабаби тангии макон созмондиҳандагон митинги 23 июнро ба боғи Летна кӯчонданд.

Расонаҳои ахбори ом Ҷумҳурии Чех мегӯянд, норозиён аз саросари кишвар бо автобусҳо ва қатор худро ба Прага расонданд.

Эътирозҳо замоне сар шуданд, ки зидди Бабиш бо гумони сӯистифода аз маблағҳои ҷудокардаи Иттиҳоди Аврупо ба Чехия парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бар пояи он Бабиш дар он гумонбар мешавад, ки кумакҳои Иттиҳоди Аврупоро ба ширкати оилавии худ додааст.

Шӯрои Аврупо Бабишро барои "бархӯрди манфиатҳо" танқид кард. Дар гузориши худ намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба натиҷае расиданд, ки Андрей Бабиш ҳангоми кор дар мақоми сарвазири кишвар ҳамоно ба фаъолияти ширкати Agrofert раҳбарӣ мекунад. Ширкати мазкур кӯмакҳои хориҷиро дастрас кардааст. Ин, ба гуфтаи мансабдорони Шӯрои Аврупо, тазоди манфиатҳоро ба миён меорад.

Пас аз боз шудани парванда Бабиш яке аз тарафдорони худ Мария Бенешоваро вазири адлия таъйин намуд ва ин шубҳаҳоро зиёд карда, ба норозиён имкон дод, аз талоши пӯшондани парванда изҳои нигаронӣ кунанд. Сарвазир ин гумонҳоро рад мекунад ва мегӯяд, баҳонае барои тазоҳурот вуҷуд надорад.

Бабиш яке аз сарватмандтарин афроди Чехия буда, чандин корхонаи бузург ва як қатор расонаҳои хабариро дар ихтиёр дорад. Вай раиси ҳукумати эътилофиест, ки аз ҷумла бо тарафдории вакилон аз Ҳизби коммунисти чех ба қудрат расидааст ва ин чиз низ норозиёнро ба шӯр меорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG