Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муддаиёни ҷоизаҳои инфиродиро аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2017 муайян кард. Ғолибон дар маросиме, ки рӯзи шанбеи 23-юми декабр дар Душанбе, дар маҷмааи фарҳангию дилхушии «Кохи Наврӯз», барпо мегардад, эълон мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар ин рӯз барандагони ҷоизаҳо аз рӯи номинатсияҳои мухталиф маълум хоҳанд шуд. Аз он ҷумла, барои унвони бозигари беҳтарини сол ду узви дастаи қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе - дарвозабон Никола Стошич ва нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев, инчунин ҳимоятгари ССКА «Помир»-и Душанбе Фирдавс Чақалов, ки ҳамроҳи дастааш ҷоизадори биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шуд, мубориза мебаранд.
Алъон танҳо соҳиби ҷоизаи нишонзани беҳтарини мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон маълум аст. Вай ҳамлагари тими “Истиқлол”-и Душанбе Дилшод Восиев мебошад, ки имсол дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аз ҳама бештар - 16 гол - задааст.
Рӯйхати муддаиёни ҷоизаҳои ФФТ дар соли 2017:
Бозёфти сол
Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»)
Шарифбек Раҳматов («Локомотив-Помир»)
Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»)
Футболбоззани беҳтарин
Сахина Саидова («Зебо»)
Сайрам Холназарова («Вахш»)
Некӯбахт Худододова («Динамо»)
Мураббии беҳтарини футболи занона
Зебо Гасимова («Динамо»)
Тоҷиддин Наботов («Барқ»)
Ашӯр Холов («Зебо»)
Бозигари беҳтарин оид ба футзал
Дилшод Саломов («ДИСИ Инвест»)
Файзалӣ Сардоров («Сипар»)
Баҳодур Хоҷаев («Садовая»)
Мураббии беҳтарини футзал
Пайрав Воҳидов («Сипар»)
Ғайраталӣ Мираҳмадов («Равшан»)
Мустафо Афшорӣ («ДИСИ Инвест»)
Довари беҳтарин
Насрулло Кабиров (Норак)
Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)
Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе)
Мураббии беҳтарини мусобиқоти ҷавонон
Юсуф Рабиев («Истиқлол»)
Шӯҳрат Ҳақбердиев («Регар-ТадАЗ»)
Олимшо Қадамшоев (ССКА «Помир»)
Мураббии беҳтарини лигаи якум
Зафар Холбобоев («Сомон»)
Баҳодур Сӯфиев («Маҳаллаи 83»)
Ниёзалӣ Бобохонов («Эсхата»)
Дарвозабони беҳтарин
Никола Стошич («Истиқлол»)
Анатолий Старушенко (ССКА «Помир»)
Дилшод Додобоев («Хуҷанд»)
Ҳимоятгари беҳтарин
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ханонов («Барқчӣ»)
Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»)
Нимҳимоятгари беҳтарин
Ҷаҳонгир Алиев («Истиқлол»)
Дэвид Мавутор («Истиқлол»)
Комрони Мирзонаҷот (ССКА «Помир»)
Ҳамлагари беҳтарин
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Дилшод Бозоров («Хуҷанд»)
Дилшод Восиев («Истиқлол»)
Мураббии беҳтарин
Мӯҳсин Муҳаммадиев («Истиқлол»)
Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)
Тоҳир Муъминов (ССКА «Помир»)
Бозигари беҳтарини сол
Никола Стошич («Истиқлол»)
Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»)
Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»)
Тӯҳфаҳое, ки инчунин дар ин маросим супурда мешаванд:
Мураббии беҳтарини кӯдакона
Бозигари беҳтарини лигаи наврасон (U-15)
Мураббии беҳтарини лигаи наврасон (U-15)
Бозигари беҳтарини лигаи наврасон (U-17)
Мураббии беҳтарини лигаи наврасон (U-17)
Бозигари беҳтарини мусобиқоти дублёрҳо
Бозигари беҳтарини лигаи якум
Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нахуст ба ширкаткунандагони маросим навори видеоӣ дар бораи натоиҷи мавсими имсола пешкаш мегардад. Ӯ афзуд, “дар ин гузориши видеоӣ дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2017 нақл карда мешавад. Зимнан, ФФТ имсол корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар ба ҷо овард. Ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагӣ ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда шуд. Дар ҷумҳурии мо панҷ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасону ҷавонон ва бонувон доир шуд.”
Бояд гуфт, ки имсол дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мушарраф шуданд. Инчунин мунтахаби футзали кишвар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 роҳхат гирифт.
Инчунин дар доираи мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 ва Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 имсол дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳо бо ширкати тимҳои миллӣ ва бошгоҳҳои футбол аз кишварҳои мухталифи қора баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC-2017 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.