Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: Қонунмандии боздошти Шабнам Худойдодова таҳқиқ мешавад


Шабнам Худойдодова
Шабнам Худойдодова

Додситони вилояти Брест ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки барои таҳқиқи қонунмандии боздошти шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова парванда боз шудааст.

Иван Носкевич, Додситони вилояти Брести Ҷумҳурии Беларус дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова ҳоло дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аз лаҳзаи боздошташ то ҳоло Шабнам Худойдодова аз вазъаш дар боздоштгоҳ шикоят накардааст ва ниҳодҳои додситонӣ қонунмандии ҳабси ӯро дар қаламрави Беларус таҳқиқ мекунанд.

«Вай ҳангоми тафтиш дар марз ба иллати таҳти пайгарди байнулмилалии қонун буданаш боздошт шудааст. Худи ман бо ӯ сӯҳбат накардаам, вале бино бар қонунҳои мо, дар ҳар даҳ рӯз як бор додситонҳо қонунмандии боздошти шаҳрвандонро, қатъи назар аз иллати боздошт тафтиш мекунанд. Вай дар боздоштгоҳи муваққатист ва ягон шикоят надорад," -- гуфт Носкевич.

Ба гуфтаи додситони вилоятӣ Носкевич, тафтъиш нишон хоҳад дод, ки ниҳодҳои тафтишотии Беларус чӣ тасмим гиранд, оё Худойдодоваро ба Тоҷикистон истирдод кунанд ё озод намооянд: «Ҳоло наметавонам, аз номи ниҳодҳои босалоҳияте, ки чунин тасмимро хоҳанд гирифт, ҷавоб диҳам,» -- афзуд додситон.

Дар ин байн кормандони боздоштгоҳи муваққати шаҳри Брест ба Радиои Озоди хабар доданд, ки имрӯз бояд вакили дифои Шабнам Худойдодова бо ӯ мулоқот кунад. Ин дидор бо дархости Шабнам баргузор мешавад.

Аҳли хонаводаи шаҳрванди Тоҷикистон то ҳоло аз вазъи ӯ хабар надоранд ва бо ӯ дар тамос нашудаанд. Ба гуфтаи хоҳари калонии Шабнам -- Мижгона Худойдодова, чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ изҳори омодагӣ кардаанд, ки барои Шабнам вакили хусусӣ гиранд.

Ба гуфтаи Мижгона, хоҳараш солҳои охир дар шаҳри Санкт-Петербург ба нигоҳубини афроди калонсону бекас машғул буд ва аз ин ҳисоб барои рӯзгузаронӣ пул кор мекард. "Аммо дар вақтҳои холигияш ба сиёсат шавқ дошт ва бо намояндагони созмонҳои мухолифи "Гурӯҳи 24" ва Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Русия иртибот мегирифт," -- афзуд Мижгона.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Шабнам Худойдодова бештар дар олами маҷозӣ, яъне Интернет, бо мухолифон сӯҳбат доштааст ва ҳоло барои ӯ маълум нест, оё хоҳараш рӯбарӯ бо раҳбарони мухолифин дар хориҷ аз кишвар низ дидору гуфтугӯ дошта ва ё дар ҳамоишҳои онҳо иштирок кардааст, ё не. Дар Тоҷикистон ҳам номи Шабнам Худойдодова ба ҳайси фаъоли Гурӯҳи мамнӯи 24 матраҳ нест ва Надежда Атаева -- ҳомии ҳуқуқи башар дар Фаронса ҳам мегӯяд, Худойдодова бештар зери номҳои мустаор дар интернет назарашро пахш мекардааст.

Мижгона Худойдодова сабаби сафари хоҳараш аз Санкт-Петербург ба Белорусро дарёфти паноҳандагӣ аз дафтари Созмони Милал дар ин кишвар донист. Ӯ гуфт, Шабнам баъд аз фишорҳои мақомоти Тоҷикистон болои оилаашон, маҷбур шудааст, аз Созмони Милал паноҳандагӣ бихоҳад. "Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон ба манзили модарамон дар шаҳри Кӯлоб "меҳмон" шуда буданд. Ӯ бо эҳсоси фишор дар тараддуди дарёфти паноҳандагӣ буд," -- гуфт Мижгона.

Вай мегӯяд, хоҳараш вақте аз Санкт-Петербург берун мерафт, дар дасташ 300 евро, 30 ҳазор рубли русӣ ва сад доллар доштааст. Ба қавли Мижгона, хабари боздошти хоҳарашро ба ӯ як зани ношиноси русзабон бо хоҳиши худи Шабнам расондааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати умури дохилии Брести Белорус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Шабнам Худойдодова дар боздоштгоҳи муваққати шумораи 7-и ин шаҳр нигоҳдорӣ мешавад. Ба қавли сухангӯи Раёсати умури дохилии Брест, Сергей Дученко, "вазъи боздоштшуда хуб аст ва дар сурати зарурат ниҳодҳои тафтишотӣ омода ҳастанд, барои дидорбинии намояндагони Салиби Сурх бо ӯ иҷоза бидиҳанд."

Дар бахши иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Белорус гуфтанд, бар асоси қонунҳои ин кишвар ҳар шаҳрванд баъди боздошташ бо вакили дифоъ таъмин мешавад ва Шабнам Худойдодова низ вакили худро дорад. Аммо гуфтанд, то замони эълони айбнома ҷузъиёти тафтишотро ифшо карда наметавонанд.

Бар асоси иттилои расмии Раёсати умури дохилии Брест, Шабнам Худойдодова, шаҳрванди Тоҷикистон ба далели вуҷуди номаш дар рӯйхати одамоне, ки дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор доранд, боздошт шудааст. "Ӯ ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд," -- гуфтанд дар Раёсати умури дохилии Брест ба Озодӣ.

Рӯзи 19 июн намояндаи расмии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар шаҳри Минск ба Радиои Озодӣ гуфт, номаи ин созмон ба унвонии ВКД-и Белорус бо дархости мулоқот бо боздоштшуда фиристода шуд. "Мо умедворем, алакай ҳафтаи оянда метавонем бо Худойдодова мулоқот кунем ва агар ӯ бихоҳад, аризаи дарёфти ҳаққи паноҳандагиро дар хоки Белорус бидиҳад, онро қабул мекунем. Сохторҳои интизомии ин кишвар корро сареъ ва хуб ба кор мондаанд ва мо умедворем, ки бидуни таъхир иҷозати дидорбинии мо бо хонум Худойдодова ҳам дода хоҳад шуд," -- гуфт ин масъули СММ.

Боздошти Шабнам Худойдодова дар ҳолест, ки дар оғози моҳи июн Эҳсон Одинав, маъруф бо имзои мустаори "Сарафрози Оламафрӯз", ки аз фаъолони интернетии "Гурӯҳи 24" гуфта мешуд, нопадид гардид ва то ҳол маҳалли будубош ва ё нигоҳдории ӯ эълон нашудааст. Вай бо иттиҳоми рахна задан дар почтаи электронии яке аз сафоратҳои Тоҷикистон ва шикастани қуфли почтаи нашрияи "Вечерка" аз тарафи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд.

XS
SM
MD
LG