Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Гулҷаҳон аз неши занбӯри "меҳмон" дар Ҳамадонӣ


Ин занбӯрро занбӯри "китайский" ҳам меноманд.
Ин занбӯрро занбӯри "китайский" ҳам меноманд.

Неши як занбӯр, ки то чанд сол пеш дар Тоҷикистон набуд, модари 32 -солаеро дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳалокат расонд. Гулҷаҳон Назарова, сокини деҳаи Сайроби ноҳия, ба гуфтаи табибон, рӯзи 26-уми октябр пас аз ним соати неш задани занбӯр ҷон додааст.

Пайвандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Гулҷаҳонро занбӯри азимҷуссаи осиёӣ газидааст, ки ин ҷондор дар миёни сокинон ҳамчун занбури “китайский” ё “билайн” маъруф аст.

Занбӯри азимҷусса тахминан се сол пеш дар Тоҷикистон пайдо шуд ва ба гуфтаи пажӯҳишгарон аз Чин омадааст. Ҷурахон Маҳлиқоев, мудири Шӯъбаи тандурустии ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Гулҷаҳон дар фурсати кӯтоҳе ҷон додааст, вале хешовандонаш бо ин умед, ки шояд зинда бошад, ӯро ба шифохона овардаанд.

Занбӯр аз нӯги ангушти дасти чапаш газидааст. Дилаш пас аз ним соат аз кор мондааст. Заҳри занбӯр дар баданаш реаксия додааст.

Табибон маълум кардаанд, ки Гулҷаҳон аз заҳри занбӯр ҳассосият доштааст. “Занбӯр аз нӯги ангушти дасти чапаш газидааст. Дилаш пас аз ним соат аз кор мондааст. Заҳри занбӯр дар баданаш реаксия додааст. Чанд моҳ пеш ӯро газида будааст ва дар Душанбе сари вақт наҷот доданд. Ҳамон вақт таъкид кардаанд, ки заҳри занбӯр барои ӯ марговар аст ва бояд эҳтиёт кунад”- гуфт Ҷурахон Маҳлиқоев.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, заҳри занбӯри азимҷуссаи осиёӣ аз заҳри занбӯрҳои маҳаллӣ қавитар аст, вале барои ҳама марговар нест. Аммо барои инсонҳое мисли Гулҷаҳон, ки аз заҳри занбӯр ҳассосият доранд, бисёр хатарнок аст.

Акбархон Ҳабибов, яке аз хешовандони Гулҷаҳон ба Радиои Озодӣ гуфт, занбӯре, ки Гулҷаҳонро неш задааст, аз занбӯрҳои зарди маҳаллӣ бузургтар аст. Ба қавли ӯ, ин навъи занбӯр аз ду сол пеш дар деҳа пайдо шуд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ки марг бар асари неш задани занбӯр ҳодисаи нодир аст, ки ӯ шоҳид мешавад.

Таҷовузи занбӯри азимҷусса ба қаламрави Хатлону Ҳисор

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Донишмандони тоҷик мегӯянд, занбӯри азимҷусса ҳоло дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор зиёд аст ва ба ҳосили боғдорон зарар мерасонад.

Анвар Ҷалилов, ҳашаротшиноси тоҷик, рӯзи 7-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди шикояти боғдорон ба таҳқиқи ин навъи занбӯр шурӯъ карданд. Ба қавли ӯ, “занбури азимҷуссаи осиёӣ” (Vespa mandarinia) барои табиати Тоҷикистон то чанд сол пеш бегона буд.

“Занбӯрҳои маҳаллӣ шираи ангурро мехӯранд. Аз ҷойи пӯсидаи ангур ва ё мулоими себ мехӯранд. Аммо ин занбӯр себу ангурро пурра мехӯрад. Ин ҷонвари зараррасон аст, ки пас аз омӯзиши хусусияти биологияш чораҳои мубориза бо он пешниҳод мешавад. ”

Ба гуфтаи донишманди тоҷик, занбӯри азимҷусса зоҳиран дар дохили меваҳои содиротии Чин ба Тоҷикистон омада ва ба табиати кишвар мутобиқ шудааст.

Занбӯри асал ҳам аз дасти занбӯри азимҷусса эмин нест.
Занбӯри асал ҳам аз дасти занбӯри азимҷусса эмин нест.

“Мо тахмин мекунем, ки он зери кадом қуттии мева омада, баъдан зиёд шудааст. Аммо ин барқасдона ё махсус не, балки тасодуфан ворид шудааст. Рафтуомад, ки бисёр шуд, дар баробари вориди молу маҳсулот дигар ҳашарот ҳам ворид мешавад” -гуфт Анвар Ҷалилов.

Хатари занбӯр ба иқтисоди Тоҷикистон

Файзалӣ Ҳакимов, мудири Инстутитути зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо мегӯяд, афзоиши ин навъи занбӯр метавонад, хатари маҳви занбӯрҳои маҳаллиро ба вуҷуд биёрад.

Ӯ гуфт: “Ин занбӯр хосияти даррандагӣ дорад. Дигар ҳашарот ва ҳатто занбӯри асалро мехӯрад. Занбӯрҳои маҳаллӣ як дона ангур мехӯрданд, ин занбӯр хӯшаро пурра мехӯрад. Шоҳид шудам, ки ҳатто сӯзанакро хӯрд. Як занбури сиёҳ буд, ки дар кундаҳои дарахтон асал мегузошт, ин занбур онро хӯрдааст ва шумораи занбӯрҳои сиёҳ хеле кам шудааст. “

Ягона душмани қаттоли занбӯри азимҷуссаи осиёӣ майнаҳо будаанд, ки албатта зӯрашон ба лашкари азими ин ҷондорҳо намерасад. Дар Тоҷикистон ҳоло 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш мешавад ва аз онҳо соле то 12 ҳазор тонна асал мегиранд. Аммо ҳоло ин хатари вуҷуд дорад, ки саршумори ин ҷондорҳое, ки накҳати ширин ҷамъ меоранд ва ҷойи онҳоро занбӯрҳое бигиранд, ки зиндагии хонаводаи Гулҷаҳонро талх кардаанд.

XS
SM
MD
LG