Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия барандаи Ҷоми Осиё шуд


Дастаи мунтахаби миллии футболи Австралия барои аввалин бор барандаи Ҷоми Осиё гардид.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Австралия, ки дар бозии ниҳоӣ рӯзи шанбеи 31-уми январ дар шаҳри Сидней бар тими миллии Кореяи Ҷанубӣ дар замони изофӣ бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, барои аввалин бор бо Ҷоми Осиё сарфароз гашт.

Голҳои мунтахаби Австралияро Массимо Луонго (дақиқаи 45ум) ва Ҷеймс Троизи (дақиқаи 105-ум) заданд. Голи тими Кореяи Ҷанубиро Сон Хин Мин (дақиқаи 90-ум) ба ҳадаф расонд.

Мусобиқаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 дар Австралия аз 9-ум то 31-уми январ баргузор шуд.

Ҷоми Осиё. Финал.
Корея
и Ҷанубӣ - Австралия – 1-2 дар замони изофӣ
Голҳо: Массимо Луонго, 45 (0:1), Сон Хюн Мин, 90+1 (1:1), Ҷеймс Троизи, 105+1 (1:2).
Огоҳонида шуданд: Иван Франич, 6; Ҷейсон Дэвидсон, 41; Мэттю Спиранович, 59; Майл Единак, 66; Робби Круз, 68 (ҳама аз Австралия).

Сидней (Австралия). 31-уми январ, варзишгоҳи "Эй-Эн-Зет - Олимпик".

Бояд тазаккур дод, мунтахаби Австралия, ки дар сабқати осиёӣ аз соли 2011 ширкат меварзад ва ҳамон сол дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё аз тими миллии Ҷопон шикаст хӯрда буд, дар таърихи худ барои аввалин бор қаҳрамони Осиё шуд. Дарвоқеъ, мунтахаби Ҷопон, барандаи пештараи Ҷоми Осиё, дар Австралия дар бозии ниманиҳоӣ аз мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ ва изофӣ – 1:1) шикаст хӯрд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар ду мусобиқаи охири Ҷоми Осиё (солҳои 2007 ва 2011) барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст. Аз ин пеш кореягиҳо ду бор (солҳои 1956 ва 1960) Ҷоми Осиёро ба даст оварда, се бор (солҳои 1972, 1980 ва 1988) ба финал баромадаанд.

Дар мусобиқаи имсола Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ дар як гурӯҳ бозӣ карданд ва кореягиҳо бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буданд.

Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА), ки дар бозӣ барои ҷойи севум тими миллии Ироқро бо ҳисоби 3-2 шикаст дод, барандаи медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё -2015 гардид.

Ду голи мунтахаби ИМА-ро ҳамлагар Аҳмад Халил ва голи ҳалкунандаро ҳамлагар Алӣ Аҳмад Мабҳут дар дақиқаи 57-ум (аз пеналтӣ) заданд. Голҳои мунтахаби Ироқро ҳимоятгар Валид Салим ва нимҳимоятгар Амҷад Калаф ба самар расонданд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 55-ум ҳимоятгари ироқиҳо Аҳмад Иброҳим аз майдон хориҷ шуд. Барои ИМА ин дувумин медал дар таърихаш дар Ҷоми Осиё мебошад. Соли 1996 ИМА дар бозии ниҳоӣ аз Арабистони Саудӣ мағлуб шуда, соҳиби медалҳои нуқра гардида буд. Беҳтарин дастоварди мунтахаби Ироқ пирӯзӣ дар Ҷоми Осиё-2007 мебошад.

XS
SM
MD
LG