Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши садоии китобҳои президент дар шабакаҳои давлатӣ ва хусусӣ


Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусиро муваззаф кардааст, ки китобҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли садоӣ ё аудиоӣ пахш кунанд. Ҳарчанд мақомот чунин иқдомро барои боло бурдани эҳсоси худшиносиву ватандӯстии сокинон муҳим мешуморанд, аз тарафи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, метавонад натиҷаи баръакс бидиҳад.

Ҳоло дар Тоҷикистон аксари мансабдорон талош мекунанд, бо иқдоме ба президент хидмат кунанд. Тамоми идеяҳо марбут ба ин аст, ки кӣ беҳтар метавонад хушомад гӯяд. Хидмати мардумро фаромӯш кардаанд.

Асарҳои президент дар “Хазинаи тиллоӣ”

Бар асоси қарори Кумитаи телевизион ва радио аз 26-уми октябр Радиои Тоҷикистон муваззаф шудааст, бо ҷалби ровиёни хушовоз асарҳои раиси ҷумҳурро, ки теъдодашон ба беш аз 20 мерасад, сабти аудиоӣ кунад. Фаррух Зиёев, мудири Радиои Тоҷикистон, рӯзи 18-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои анҷоми ин кор ҳунарпешаҳои театр ва ровиён ҷалб мешаванд.

Ӯ гуфт, алакай ду асарро сабт кардаанд: "То ин қарор мо ду китоби раиси ҷумҳурро сабт кардем ва онҳо дар эфир садо доданд. “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Забон ҳастии миллат” дар хазинаи тиллоии мо сабт шуд. Бар замми ин, супориш шудааст, ки асарҳои дигарро низ ба Шӯрои бадеӣ пешниҳод кунем, ки ҳамаи онҳо ба навбат хонда мешаванд”.

Фаррух Зиёев
Фаррух Зиёев

Ин масъули Радиои Тоҷикистон гуфт, ҳамчунин, китобҳое, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон навишта шудаанд, барои шунавонидани ба сокинон сабти аудиоӣ хоҳанд шуд.

“Фарқ миёни расонаҳои хусусӣ ва давлатӣ намемонад”

Соли гузашта пораҳое аз китоби “Аз Ориён то Сомониён”-и президент дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо наворҳои таърихӣ пахш шуда буд, вале ҳоло тасмим аст, тамоми асарҳои ӯ тариқи радиоҳои маҳаллӣ хонда шаванд. Масъули як радиои хусусӣ 18-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба тозагӣ аз Бозрасии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизиону радио дастур гирифтанд, ки дар баробари пахши ахбори радиои давлатӣ, ичунин хониши бадеии китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро низ ба роҳ монанд.

Ӯ гуфт, “дар сурате, ки мо хабарҳои радиои давлатӣ ва хонишҳои бадеиро пахш кунем, фарқе миёни мову расонаҳои давлатӣ намемонад. Ба он хотир радиои моро гӯш мекунанд, ки бо пахши мусиқӣ ва хабарҳои дигар аз радиоҳои давлатӣ фарқ мекунем. Баъдан, хонишҳои бадеӣ ба ҳадде дароз ҳастанд, ки шунавандаҳоро мегурезонад. Аммо вақте супориш аст, ба хотири аз даст надодани иҷозатнома маҷбурем, ки пахш кунем”.

Масъулони телевизионҳои мустақил низ гуфтанд, ки алакай пас аз ин супориш ба бознашри барномаҳои, ба истилоҳ, ватандӯстии телевизонҳои давлатӣ оғоз карданд.

Мӯҳлати пахши хонишҳои бадеӣ аз даҳ то ним соатро дар бар мегирад.

“Мансабдорон хидмати мардумро фаромӯш кардаанд”

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, пахши “хонишҳои бадеӣ” мероси замони Шӯравист, ки дар шароити феълӣ мардумро аз радио дур мекунад. Ӯ гуфт, шояд дар замони Шӯравӣ чунин хонишҳо натиҷа медод, чун сокинон роҳи алтернативии шунидани мусиқӣ ва иттилоъро надоштанд.

Ҳарчанд, ба гуфтаи Мамамдшоев, мақомот чунин иқдомашонро ба боло бурдани худшиносиву ватандӯстӣ рабт медиҳанд, аммо аз тарафи дигар он метавонад натиҷаи баръакс дошта бошад. Ӯ гуфт, “такрори як ҳарф аз тамоми расонаҳо дилбазан аст. Вақте китоби президент ҳаст ва барои нафаре лозим бошад, онро пайдо карда мехонад. Ҳоло дар Тоҷикистон аксари мансабдорон фақат талош мекунанд, то бо иқдоме ба президент хидмат кунанд. Тамоми идеяҳо марбут ба ин аст, ки кӣ беҳтар метавонад, хушомад гӯяд. Хидмати мардумро фаромӯш кардаанд. Пахши хонишҳои бадеӣ низ аз ҳамон гуна иқдом аст. Барои мардум дар ҳоле ки шароити зисташ мушкил аст, ниёзе ба шунидани хониши бадеӣ надорад. Бовар надорам, ки мардум чунин барномаҳоро ҳам гӯш кунад”.

Қурбони Собир
Қурбони Собир

Қурбони Собир, ҳунарпешаи тоҷик аз ҷумлаи афодест, ки барои хонишҳои бадеии асарҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷалб шудааст. Ӯ гуфт, хонишҳои бадеӣ ҳанӯз шунаванда доранд: “Ғазалҳои Ҳофизу рубоиҳои Хаёмро хондаам, ки мардум хеле писандиданд. Одамҳои зиёди китобхон ҳастанд, ки чашмҳояшон хира шудааст, вале имкони китоб хондан надоранд. Бисёриҳо ронанда ҳастанд ва ҳангоми ронандагӣ гӯш мекунанд. Дар Радиои Ховар пораҳои беҳтарине аз асарҳои президенти кишварро мехонам. Ҷойҳои хеле муҳиме аз ин асарҳоро, ки барои мардум, барои миллатсозӣ заруранд, пешкаш мекунем.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми ноябр аз замони ба қудрат расиданаш ҳамчун “Рӯзи президент” таҷлил мешавад, 25 сол боз раҳбари аввали Тоҷикистон аст. Дар 25 соли раҳбариаш, тақрибан ҳар соле як китоб навиштааст, ки бо теъдоди зиёде нашр ва миёни сокинон тақсим шудаанд. Мавзӯи асарҳои президенти Тоҷикистон таърих, забон ва сиёсатро дар бар мегирад.

Ин навор аз бойгонии Радиои Озодист:

Чӣ гуна китобҳои президенти Тоҷикистон пурфурӯш шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

XS
SM
MD
LG