Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 сарбози афғон ва рабудани 8 тани дигар дар Кунар


Бист сарбози артиши миллии Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар вилояти Кунар кушта шудаанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Кунари Афғонистон мегӯянд, ки бар асари як ҳамлаи мухолифони мусаллаҳ ба ду қароргоҳи артиши миллии ин кишвар дар ноҳияи Ғозиободи ин вилоят, бист сарбоз кушта шудаанд.

Абдулғанӣ Мусаммим, сухангӯи волии Кунар рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳамла тақрибан соати сеи шаби гузашта рух дод ва ду сарбози дигар ҳам захмӣ шуданд. Ба гуфтаи сухангӯи волии вилояти Кунар, мухолифони мусаллаҳ дар ин ҳамла ҳафт сарбози артиши миллии Афғонистонро бо худ бурдаанд.

Аз сӯи дигар Абдулҳабиб Саидхел, фармондеҳи амнияти вилояти Кунар мегӯяд, ки амалиётеро барои пайдо намудани ҳафт сарбози рабудашуда оғоз кардаанд. Гуфта мешавад, ки мухолифони мусаллаҳ низ дар ин даргирӣ ки миёни онҳо ва нерӯҳои артиш рух додааст, осеб дидаанд, вале шумораи дақиқи онҳо то кунун эълон нашудааст.

Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Афғонистон ҳамла бар ду постгоҳии нерӯҳои артиши миллии ин кишвар дар вилояти Кунарро таъйид кард. Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин ҳамла аз сӯи террористони дохилӣ ва хориҷӣ анҷом шудааст".

Оқои Азимӣ дар мавриди шумораи дақиқи талафоти ин ҳодиса ҷузъиёти бештаре ироа накардааст, аммо гуфтааст, ки як ё ду сарбоз нопадид шудааст. Вай гуфтааст, ки вазъияти амниятӣ дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа ором аст ва ба мухолифони мусаллаҳ низ талафот ворид шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст

Вилояти Кунар дар марз бо Покистон воқеъ шуда ва аз ноамнтарин вилоятҳои Афғонистон ба шумор меравад. Толибони афғон дар минтақаҳои қабиланишини Покистон аз пойгоҳи қавии мардумӣ бархӯрдоранд ва ин минтақаҳоро бо унвони маҳалли омодагӣ барои ҳамла ба нерӯҳои эътилофи байналмилал мустақар дар Афғонистон ва ҳамчунон нерӯҳои афғон истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG