Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Қирғизистон даъват ба бозпурсиро рад кард


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барои бозпурсӣ ҳамчун шоҳид ба Вазорати корҳои дохилии ин икишвар даъват шуд, вале эълом дошт, ки он ҷо рафтанӣ нест ва пешниҳод кард, суолҳо ба намояндаи ӯ дода шаванд.

Даъватномаро корманди милиса ба манзили Алмосбек Отамбоев дар деҳаи Койтоши наздикии Бишкек расонд ва бино бар он президенти собиқ мебоист рӯзи 9 июл дар соати 9 субҳ ҳозир мешуд.

Вале Алмосбек Отамбоев гуфт, ба ҳеч гуна бозпурсӣ нахоҳад рафт.

"Чаро ман бояд ба ВКД равам? Ман ин даъватномаро ҳатто ба даст нагирифтам ва хондан ҳам намехоҳам. Ҳукумат бояд ба фазои қонун баргардад. Мумкин нест, ки қонун ин гуна поймол шавад", – гуфт ӯ ба хабаргузории 24.kg.

Вай афзуд, ҳамаи пурсишҳо бояд ба намояндаи ҳуқуқияш Сергей Слесарев дода шаванд.

23 июн президенти пешин изҳор дошта буд, ки ба ҳама кор омодааст. "Ман яроқи туҳфашуда дорам.Махсус аз он ёд мекунам. Аз ҷони бачаҳои ҷавоне метарсам, ки барои гирифтани ман меоянд, то фармони нодурусти раҳбарони худро иҷро кунанд", – гуфт Отамбоев ва як зарбулмасалро зикр намуд: "Беҳтараш аз тир кушта шаваӣ, то аз беморӣ".

27 июн вакилони порлумони Қирғизистон бо аксарияти оро дахлнопазири Отамбоевро ҳамчун президенти пешин бекор карданд. Акнун мақомот метавонанд, дар ҳар лаҳза ӯро боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб намоянд. Додситонии кулли Қирғизистон зиди ӯ парванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG