Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев президентии Ҷеенбековро ғайриқонунӣ номид. ВИДЕО


27 июн, хонаи Отамбоев
27 июн, хонаи Отамбоев

Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар нахустин вокунишаш ба қарори парлумон дар бораи маҳрум кардани ӯ аз дахлнопазирӣ гуфт, ки дар сурати боз шудани парвандаи ҷиноӣ, ӯ ба тафтишот ҳозир намешавад.

Вебсайти бахши Қирғизии Радиои Озодӣ дар нақли қавл аз Отамбоев навишт: “Ман вакили дифоъ дорам. Агар додситонӣ савол дошта бошад, мо ба саволҳои онҳо хаттӣ посух медиҳем. Тамоми иттиҳомоти зидди ман як дурӯғ аст. Мо мебинем, ки тафтишот чӣ гуна пеш меравад”. Отамбоев дар ҳоле сӯҳбат мекард, ки ҷонибдоронаш дар хонаи ӯ дар деҳаи Кой-Таш ба тарафдории ӯ ҷамъ шуда буданд.

Субҳи 27 июн дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон бо раъйи орои аксари вакилон дахлнопазии президенти собиқ бекор карда шуд. Ин овоздиҳӣ баъди он баргузор шуд, ки додситони кулл гуфт, Отамбоев дар дар панҷ ҳолат Кодекси ҷиноии Қирғизистонро нақз кардааст ва аксари ин ҳодисаҳо “ҷиноятҳои сангин” ва марбут ба “фасод мебошанд”.

Қарори лағви дахлнопазирии Отамбоев ба ниҳодҳои ҳифзи қонун ҳақ медиҳад, ки ӯро ба бозпурсӣ даъват ва боздошт кунанд. Барои бекор шудани дахлнопазирии Отамбоев раъйи мусбати 80 вакил кофӣ буд, вале дар овоздиҳии рӯзи 27 июн аз миёни 109 депутат 103 нафар раъйи мусбат дода, 6 нафар мухолиф баромаданд.

Қаблан дар суханронии худ додситони кулли Қирғизистон Уткурбек Ҷамшедов гуфт, ки дар аъмоли президенти собиқ Отамбоев нишонаҳои айбдорӣ ва ҷиноятҳои сангин дида мешавад, вале на дар нисбати ҳамаи иттиҳомоте, ки вакилони маҷлис пешниҳод карданд. Аз ҷумла, нишонаҳои содир шудани ҷиноятҳои сангин дар ҳангоми харидани қитъаи замин дар ҳаҷми 2,7 гектар дар деҳаи Кой-Таш дида шудааст, ки бо ҳадафи бунёди хона гирифта шуда буд. Дар қазияи аз зиндон озод шудани як ҷинояткори бонуфуз Азиз Ботукаев дар соли 2013 ҳам мақомоти додситонӣ нишонаҳои содир шудани ҷинояти сангинро мушоҳида кардаанд. Дар маҷмӯъ додситонии кулл гуфт, ки аз феҳристи шаш иттиҳоме, ки вакилони маҷлис пеш гузоштанд, дар панҷ ҳолат нишонаҳои содир шудани ҷинояти сангин ба қайд гирифта шудааст.

Худи Отамбоев иттиҳомоти мазкурро "сафсата" ва бепояву асос хонд.

Ӯ бо пахши изҳороте рӯзи 26 июн, аз ҷумла, гуфт: Ҳеҷ фикр намекардам, ки парвандаи ҷиноӣ бар пояи овоза ва тахайюл сохта мешавад ва додситони кулл тамаллуқкорона дар як рӯз ин ҳама сафсаттаро қабои қонунӣ мепӯшонад. Илова ба ин, ҳеҷ кас худи маро ба парлумон даъват накард. Онҳо аз шунидани ҳақиқат ҳарос доранд. Онҳо одат кардаанд, ки корҳои ифлоси худро пинҳонӣ, тарсида ва палидона анҷом диҳанд”.

Рӯзи 20-уми июн порлумони Қирғизистон хулосаҳои комиссияи вакилонро оид ба эълони айб нисбат ба президенти собиқ Алмосбек Отамбоев ва бекор кардани дахлнопазирии ӯ ҷонибдорӣ намуд. Як рӯз дертар ин санадҳо ба Додситонии кулл фиристода шуд.

Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ навишт, ки рӯзи 27 июн дар хонаи Отамбоев дар деҳаи Кой-Таш нишасти матбуотӣ баргузор шуд ва ширкатдорони ин нишаст қарори парлумонро “ғайриқонунӣ” номиданд. Дар ин нишаст тарафдорони Отамбоев ба президенти амалкунанда Сооронбой Ҷеенбеков в парлумони кишвар 8 шарт пеш гузоштанд ва талаб карданд, ки дар сурати иҷро нашудани ин шартҳо онҳо талаби тағйири ҳукуматро пеш мегузоранд.

Дар талаби ҷонибдорони Отамбоев ба Ҷеенбеков гуфта шудааст, ки “ба маҷлис ва сохторҳои қудратӣ амру фармондиҳиро бас кунад”. Дар талаби дигар гуфта шудааст, ки “зиндониҳои сиёсӣ озод шаванд” ва депутатҳо “минбарро ҳамчун силоҳ истифода накунанд”.

Ҷонибдорони Отамбоев гуфтанд, ки дар сурати иҷро нашудани талабҳояшон “тағйири ҳукуматро талаб” хоҳанд кард. Онҳо гуфтаанд, ки барои ҳалли вазъи баамаломада онҳо ба музокира бо “нирӯҳои ҷамъиятиву сиёсӣ омода ҳастанд”.

Рӯзи 26 июн Отамбоев гуфт, ки манзилашро муҳосира карда, бо силоҳ мусаллаҳ шудааст.

Қирғизистон дахлнопазирии Отамбоевро бекор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

XS
SM
MD
LG