Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати AFC: Ҳамаи рақибони Тоҷикистон муайян шуданд


Ду бозии ҷавобии Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби Камбоҷа дар бозии дуввум дар меҳмонӣ бар тими Макао дар замони изофӣ бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Дар бозии аввал Камбоҷа бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда шуд.

Камбоҷа, ки ба сабқати гурӯҳӣ роҳ ёфт, дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард.

Бозии дигари ҷавобӣ байни тимҳои Лаос ва Тайван бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Дар бозии аввал Тайван дар майдони худ бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуда буд. Дастаи Тайван дар сабқати гурӯҳи “В” бо тимҳои Туркманистон, Ҳиндустон ва Покистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

12 дастае, ки бар асоси натоиҷи мусобиқоти соли 2010-ум рейтинги баландтар дорад ва чаҳор тими ғолиби даври аввал , ҷамъ 16 даста, дар сабқати гурӯҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Ҷадвали Ҷоми даъвати AFC:

Даври 1

Плей-офф 1: Бутан – Афғонистон (23 ва 25 март)
Плей-офф 2: Филиппин – Муғулистон — 2:0, бозии ҷавобӣ 15 март
Плей-офф 3: Тайван – Лаос — 5:2, 1:1
Плей-офф 4: Камбоҷа – Макао — 3:1, 3:2 дар замони изофӣ

Сабқати гурӯҳӣ

Гурӯҳи «А» ( 21-25 март): Мянмар (мизбон), Фаластин, Бангладеш, ғолиби плей-офф 2
Гурӯҳи «В»( 21-25 март, Малайзия): Туркманистон, Ҳиндустон, Тайван, Покистон
Гурӯҳи «С» (21-25 март): Тоҷикистон, Ҷазоири Молдив (мизбон), Камбоҷа, Қирғизистон
Гурӯҳи «D» (7-11 апрел): Кореяи Шимолӣ, ғолиби плей-офф 1, Непал (мизбон), Шри-Ланка

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.

Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG