Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд мизбони сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё шуд


Хуҷанд барои баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ омодагӣ мебинад.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ тасдиқ кардааст. Сабқати интихобӣ аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи «Қасри варзиш»-и Хуҷанд, ки ғунҷоишаш 2670 тамошогар аст, баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ чаҳор дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон – ширкат меварзад. Аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Узбакистон – Тошканд – барпо мегардад, роҳ меёбад.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо аз он хушҳолем, ки сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар минтақаи Марказӣ дар Тоҷикистон доир мешавад. Мекӯшем, ки ба даври баъдӣ роҳхат бигирем”.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозиашро 14 ноябр муқобили тими Афғонистон анҷом медиҳад. Рӯзи дигар, 15 ноябр, бо мунтахаби Туркманистон бозӣ мекунад. Дар даври охирин, рӯзи 16 ноябр, футболбозони тоҷик бо дастаи Қирғизистон вориди рақобат мешаванд. Бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон соати 14:00 оғоз меёбанд.

Бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар Хуҷандро шаш довари ФИФА ҳакамӣ мекунанд. Инҳо Абдулраҳмон Абдулқодир Абдулраҳмон Абдуллои 44-сола аз Баҳрайн, Жанг Юзеи 42-сола аз Чин, Ҳасан Муҳаммад Мӯсо Ал-Ҷабурӣ ва Хавкар Солор Аҳмад (ҳарду 35-сола аз Ироқ), Ҳусейн Маҳмуд Ҳусейн Халайлеҳи 44-сола аз Урдун ва Хамис Ҳасан Ал-Шамсии 34-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ. Минтақаи Марказӣ. Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

14 ноябр (шанбе)

11:00 – Қирғизистон – Туркманистон

14:00Тоҷикистон– Афғонистон

Даври 2-юм

15 ноябр (якшанбе)

11:00 – Қирғизистон – Афғонистон

14:00 – Туркманистон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

16 ноябр (душанбе)

11:00 – Афғонистон – Туркманистон

14:00Тоҷикистон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG