Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи ширкати фаронсавӣ ба урани Тоҷикистон


Як ширкати фаронсавӣ ба коркарди захираҳои урани Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.

Азим Иброҳим, раиси Саридораи “Геологияи тоҷик” рӯзи 9 июл дар нишасти хабарии ин идора гуфт, тарҳи ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо ширкати AREVA’s mining алакай бо идораи марбутаи давлатӣ мувофиқат шудаву дар дасти баррасии ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

«Онҳо ҳоло бархе корҳои омӯзиширо дар Тоҷикистон гузаронида истодаанд. Агар дар сурате, ки ягон кон ва ё мавзеъи канданиҳои фоиданоки мо таваҷҷӯҳашонро ҷалб кунад, онҳо баъдан барои гирифтани иҷозатномаи истифодаи ин мавзеъ ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат хоҳад кард,» - мегӯяд раиси "Геологияи тоҷик."

Азим Иброҳим ин ширкати фаронсавиро яке аз ширкатҳои пештоз дар бозори урани дунё ба қалам дод.

AREVA’s mining, ки исмашро аз Арева - номи яке аз бузургтарин конҳои урани дунё дар кишвари африқоии Нигер гирифтааст, дар сомонаи расмиаш ҷамъи гардишаш дар соли гузаштаро беш аз 9 миллиард евро нишон додааст.

Ба таъкиди Азим Иброҳим, имзо шудани санади ҳамкорӣ ва омадани ин ширкат ба фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад гузошт. Раиси “Геологияи тоҷик” гуфт, Тоҷикистон захираи кофии уран дорад ва ин соҳа барои кишвар аз соҳоти ояндадор мебошад.

Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ яке аз манбаъҳои такмили захираи урани СССР маҳсуб мешуд. Корхонаҳои “Заря Востока” ва “Востокредмет” дар шимоли Тоҷикистон асосан ба коркарди уран аз конҳои атрофи Табошар машғул буданд. Аммо ба гуфтаи кормандони собиқадори ин корхонаҳо, истихроҷи уран дар ин минтақа ҳанӯз дар оғози солҳои 80, вақте Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, қатъ шудааст.

Даъватҳои дубора ба “зинда” кардани соҳаи истихроҷ ва коркарди уран бори дувум дар соли 2008 дар паёми солонаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон матраҳ шуд. Оқои Раҳмон бо тавсифи инки “14 дарсади захираи урани дунё дар зери хоки Тоҷикистон аст,” ба таври ғайриинтизор гуфт, “инро мо таҳқиқу муайян карда, пешниҳод карданамон даркор.”

Ин иддао, ки гӯё ҳафтяки захираи урани дунё дар Тоҷикистон, аз сӯи ниҳодҳои байналмилалӣ таъйид нашудааст. Ба ҳисоби Иттиҳодияи ҷаҳонии ҳастаӣ, 93 дарсади захираи урани дунё дар бистари хоки Қазоқистону Канада, Австралияву Намибия, Нигеру Русия ва Узбакистону Русия аст. Яъне мантиқан, вуҷуди 14 дарсади ин захираҳо дар зери хоки Тоҷикистон ғалат аст ё ҳадди аксар ҳусни ният ё орзу.

Созмонҳои байналмилалӣ захираи уран дар бистари хоки Тоҷикистонро ҳудуди 20 000 тоннна тахмин мезад ва мегуфт, Тоҷикистон ҳадди аксар метавонад як дарсади тавлидоти ҷаҳонии уранро таъмин кунад.

Соли гузашта дар дунё 55 7000 тонна урани хом тавлид шудааст. Бино ба хабарҳо, 20 дарсади урани хоми дунё дар Қазоқистон ва тақрибан 18 дарсадаш дар Канада истихроҷ мешавад. 87 дарсади ин бозор ба суратиу мум дар дасти ҳамагӣ 10 ширкат қарор доштааст, ки AREVA’s mining яке аз онҳост.

Дар ҳоли ҳозир, нархи як кило урани хом каме бештар аз 90 доллар гуфта мешавад. Ин дар ҳолест ки 5 сол пеш қимати як кило уран 130 доллар буд. Вале коршиносон мегӯянд, уфти қимати уран дар бозор як амри муваққатист, зеро талабот ба он хеле бештар аз ҳаҷми тавлидоташ аст.

Аз тарафи дигар, Байрон Кинг, як коршиноси амрикоӣ уранро “тилои фардо” номида, пешбинӣ мекунад, ки дар чанд соли наздик нархи уран бамаротиб боло меравад ва ин навъи хатарноки маъдан метавонад ба яке аз ҷаззобтарин соҳаҳои иқтисод барои сармоягузорӣ табдил биёбад.
XS
SM
MD
LG