Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ANOC ба Кумитаи олимпии Тоҷикистон


Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҷоизаи Анҷумани кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) сарфароз гашт.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҷоизаи Анҷумани кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) сарфароз гашт. Барандагони ҷоизаҳои ANOC ба беҳтарин варзишгарон ва кумитаҳои олимпии сол дар Ассамблеяи кулли Анҷумани кумитаҳои миллии олимпӣ, ки рӯзҳои 15-ум ва 16-уми ноябр дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа – барпо гардид, супурда шуд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ бо ҷоизаи ин созмони ҷаҳонӣ сарфароз гашт. Раиси Анҷумани кумитаҳои миллии олимпӣ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ҷоизаро ба дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев супурд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 16-уми ноябр хабар дод.

Ёдовар мешавем, гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 бо натиҷаи 78 метру 68 сантиметр медали тилло ба даст овард, ки ин дар таърихи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аввалин медали тилло ба шумор меравад.

Ҷоизаҳои ANOC барои аввалин медал ё аввалин медали тиллои олимпӣ, инчунин ба Кумитаҳои миллии олимпии Баҳрайн, Кот-д′ Ивуар, Фиҷӣ, Урдун, Косово, Пуэрто-Рико, Сингапур ва Ветнам тақдим шуд. Кумитаи миллии олимпии Британияи Кабир барои муваффақияти барҷастаи тими мунтахабаш дар Олимпиадаи Рио-2016 бо ҷоизаи ANOC сарфароз гашт.

Ҷоизаҳои ANOC ба Пуиг (теннис, Пуэрто-Рико) - беҳтарин варзишгари Олимпиадаи Рио-2016 миёни занон, ба Вэйд Ван Никерк (варзиши сабук, Африқои Ҷанубӣ) - беҳтарин варзишгар байни мардон, ба мунтахаби ҳоккейи Британияи Кабир - беҳтарин дастаи занона ва ба мунтахаби регбии Фиҷӣ - беҳтарин дастаи мардона супурда шуд.

Бо ҷоизаҳои инфиродии ANOC Рафаэл Лопес Силва аз Кумитаи олимпии Бразилия, Тегла Лорупе, раҳбари мунтахаби олимпии намояндагии кор бо гурезаҳо, Карлос Артур Нузман (Бразилия) ва шайх Тамим бин Ҳамад Aл-Тaнӣ (Қатар) мукофотонида шуданд. Ассамблеяи кулли Анҷумани кумитаҳои миллии олимпӣ дар Доҳа бо ширкати ҳудуди 1200 вакил аз ҳамаи кишварҳои аъзои ANOC баргузор шуд.

Томас Бах, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ, зимни суханрониаш дар ин ассамблея иброз дошт, ки бузургтарин чорабинии байналмилалии варзишии имсола – Олимпиадаи Рио – бисёр хотироти фаромӯшнопазир боқӣ гузошт. Вай афзуд, “дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро бидуни ҳамкории зич миёни ҳамаи 206 кумитаи миллии олимпӣ, ки ба таркиби Анҷумани кумитаҳои миллии олимпӣ дохиланд, муваффақ шудан ғайриимкон буд.”

Дар Ассамблеяи кулли Созмони кумитаҳои миллии олимпӣ дар Доҳа намояндагони Будапешт, Лос-Анҷелес ва Порис, ки барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дархост пешниҳод намудаанд, шаҳрҳояшонро муаррифӣ карданд. Мизбони Олимпиадаи соли 2024-ум дар сессияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ моҳи сентябри соли оянда дар шаҳри Лимаи Перу интихоб мешавад.

XS
SM
MD
LG