Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа идома дорад


Маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа.
Маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа.

Як маҳбус аз зиндони Қӯрғонтеппа, бинобар латукӯб ва таҳқир дидан аз ҷониби кормандони маҳбас, даст ба гуруснанишинӣ зада, талаб дорад, ки Раёсати ислоҳии зиндонҳо ба арзи вай расидагӣ кунад.

Муродҷон Раҳмонов, аз наздикони маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуҷаббор Раҳмонов, 1-уми апрел зимни тамос ба радиои "Озодӣ" гуфт, бародараш беш аз як ҳафта аст, ки даст ба гуруснанишинӣ зада, сарфи назар аз машварати пизишкони маҳбас, даст ба ғизо намебарад.

Ба нақли Муродҷон Раҳмонов, чанд корманди маҳбас, аз ҷумла майор Искандар Исматов тайи як моҳи охир ӯ ва дигар маҳбусонро латукӯб ва шиканҷаву таҳқир намудаанд ва ин аҳвол ҳамчунон идома дорад.

Вай меафзояд, ки як ҳафта қабл Абдуҷаббор Раҳмонов ба масъулони маҳбаси Қӯрғонтеппа, прокуратураи назоратӣ ва сардори Раёсати ислоҳии зиндонҳо Иззатулло Шарифов муроҷиат намуд, аммо дар ҷавоб вокунише ба назар нарасид.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон Одинашо Муродов гуфт, ки вазъият дар маҳбаси Қӯрғонтеппа ором аст ва онҳо шикояту арзи маҳбусеро дар мавриди бадрафтории кормандони ин маҳбас дарёфт накардаанд.

Вай мегӯяд, пас аз шикоятҳои бардурӯғи маҳбусон, ки аз тариқи телефонҳо ба журналистон ҳаргуна хабарҳоро расониданд, сардори Раёсати ислоҳии зиндонҳо Иззатулло Шарифов истифодаи телефонро дар маҳбасҳо манъ карда буд. Аммо ба дунболи шикоятҳои зиёди зиндониён, ки телефон ягона василаи суҳбат бо наздиконашон аст, Иззатулло Шарифов дубора истифодаи гӯшиҳоро иҷозат дод. Ба нақли Одинашо Муродов, вақтҳои ахир шикояти маҳбусҳо камтар ба назар мерасад.

Муродҷон Раҳмонов, аз наздикони маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуҷаббор Раҳмонов, мегӯяд, ки ҳамин лаҳзаҳо бо бародараш тамос гирифт ва вай гуфтааст, ки дар муоинаи пизишкони маҳбас аст ва фишорашро мавриди санҷиш қарор додаанд. Ба нақли Муродҷон, то замоне, ки масъулини маҳбас ба арзи вай расидагӣ накунанд ва ба бадрафторӣ аз тарафи кормандони маҳбас поён надиҳанд, вай аз гуруснанишинӣ даст нахоҳад бардошт.

Абдуҷаббор Раҳмонов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, соли 2005 бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуда, барои 8 соли маҳрумият аз озодӣ равонаи зиндон гардид. Дар соли 2008 ӯ аз маҳбаси Хуҷанд ба зиндони пӯшидаи Қӯрғонтеппа интиқол дода шуд.
XS
SM
MD
LG