Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти ҷияни ҳамсари Ислом Каримов


Акбаралӣ Абдуллоев

Акбаралӣ Абдуллоев – ҷияни як замон маъруфи Татяна Каримова – ҳамсари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар Украина боздошт шудааст. Мақомоти Киев, пойтахти Украина, гуфтанд, ки ӯ таҳти пайгарди пулиси байналмилалӣ ё Интерпол қарор дошта, ба қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Додситонии кулли Узбакистон рӯзи 8 сентябри соли 2014 бо нашри як маълумотнома аз даст доштани ҷияни ҳамсари раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон дар аъмоли ҷиноӣ хабар дода буд.

Ҳангоми боздошт аз Абдуллоеви 33-сола шиносномаҳои Доминикан ва Узбакистон гирифта шудааст. Вай соли 2014 низ ба ҷурми ҷиноятҳои иқтисодӣ дар кишвараш боздошт шуда буд. Он вақт баъзе аз манобеъ гуфтанд, Акбаралӣ Абдуллоев шахсан бо амри Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дастгир шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Абдуллоев барои аз худ кардани беш аз 90 миллион доллар, пинҳон намудани 200 миллион доллар ва 271 ҳазор евро айбдор мешавад. Инчунин, ӯ барои гирифтани фоида аз фаъолиятҳои ғайриқонуниаш ба маблағи 77,4 миллион франки швейтсарӣ ва 200 ҳазор пули Латвия муттаҳам аст.

​Акбаралӣ Абдуллоев феълан дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати умури дохилии Украина дар Киев нигаҳдорӣ мешавад. Ҷониби Украина мегӯяд, ки масъалаи истирдоди ӯро ба Узбакистон баррасӣ дорад. Вебсайти Fakty.ua навиштааст, Абдуллоев чанд рӯз пеш аз фурудгоҳи Жулян ба Украина омадааст. Нерӯҳои марзбонии Украина номи Акбаралӣ Абдуллоевро дар листи Интерпол дида ва ӯро боздошт кардаанд.

Як хабарнигори мустақили узбакистонӣ моҳи феврали соли 2015 навишта буд, ки Акбаралӣ Абдуллоев ба тасарруфи беш аз 800 миллион доллар пули нақди чандин корхона айбдор мешавад. Алексей Волосевич дар торнамои блогҳояш бо номи AsiaTerra гуфт, дар маводи марбут ҷияни ҳамсари Ислом Каримов номи ширкатҳое, чун ҷамъияти саҳҳомии «Квартс», корхонаи воҳиди давлатии «ФНПЗ» (Корхонаи коркарди нафти Фарғона), «Қизилқумсемент», «Базаи нафти Фарғона» ва ҷамъияти саҳҳомии «Фарғонаёғмой» зикр шудаанд.

Қаблан ҳам ба матбуот пайваста аз манобеи ғайрирасмӣ гузоришҳое дар бораи ҳабси Акбаралӣ Абдуллоев дар поёни соли 2013 ва маҳкум ба зиндон шудани ӯ дар тирамоҳи соли 2014 роҳ ёфта буд.

Дар сатҳи расмӣ ин хабар аз ҷониби ягон мақоми Узбакистон тасдиқ ё рад нашуда буд. ​Аммо Додситонии кулли Узбакистон рӯзи 8 сентябри соли 2014 бо нашри як маълумотнома аз даст доштани ҷияни ҳамсари раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон дар аъмоли ҷиноӣ хабар дода буд.

Дар ин гузориши расмӣ гуфта мешуд, гурӯҳи муташаккили ҷиноие, ки Н.Содиқов, Р.Мадумаров, Г.Авакян ва дигарон, аз ҷумла духтари калонии раиси ҷумҳури Узбакистон Гулнора Каримова ташкил додаанд, дар солҳои 2011-2013 бо нархҳои ба таври сунъӣ поиноварда саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ширкати миллии ҳавопаймоии “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ”-ро ба маблағи 5,5 миллиард сӯм, саҳмияҳои «Coca-Cola Uzbekiston Ltd.» ба маблағи 11,9 миллиард сӯм, саҳмияҳои корхонаи коркарди нафти Фарғона ба маблағи 40,1 миллиард сӯм ва саҳмияҳои корхонаҳои дигар ба маблағи 102 миллиард сӯмро тасарруф кардаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG