Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Афғонистон ба бозии дӯстона бо Тоҷикистон дар Душанбе


Акс аз fft.tj

Тими миллии футболи Афғонистон, ки барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, 4-уми июн дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин кард.

Тими миллии футболи Афғонистон, ки барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, 4-уми июн дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин кард.

Дар тамрини тими миллии Афғонистон бо раҳбарии сармураббӣ Анӯш Дастгир, мутахассиси 29-сола, ки дар Ҳолланд ба сар мебарад, 17 бозигар ширкат дошт. Боз ду бозигари дигар ба даста рӯзи 6-уми июн мепайвандад.

Ҳайати тими миллии Афғонистонро, аслан, легионерҳо ташкил медиҳанд, ки дар бошгоҳҳои футболи Австралия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Инглистон, Исландия, Кипр, Малайзия, Молдив, Олмон, Тайланд ва Шветсия бозӣ мекунанд.

Яке аз бозигарони аз ҳама пуртаҷриба ҳимоятгари 32-сола Зубайр Ислом Амирӣ мебошад, ки дар ҳайати мунтахаби Афғонистон аз соли 2005 ҳунарнамоӣ мекунад. Амирӣ бозигари бошгоҳи «Ню Радиант» аз Молдив мебошад.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон рӯзи ҷумъаи 7-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Ҳакамони ин бозӣ бо раҳбарии довари ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) Насрулло Кабиров аз Тоҷикистон мебошанд.

Тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон ҳамагӣ шаш бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд ва дар ҳамаи бозиҳо футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд.

Бори охирин дар як бозии дӯстона, ки 13-уми ноябри соли 2016 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, футболбозони

тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст оварданд. Голи ягонаро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 74-уми бозӣ ба самар расонид.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) дар байни 211 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 120-ум ва Афғонистон дар зинаи 149-ум қарор доранд.

Натоиҷи бозиҳои тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон:

Бозии дӯстона Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 9 ноябри соли 2005, Душанбе.

Ҷоми даъвати AFC-2008. Марҳилаи ниҳоӣ Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 3 августи соли 2008, Ҳайдаробод, Ҳиндустон.

Бозии дӯстона Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 17 ноябри соли 2010, Душанбе

Бозии дӯстона Тоҷикистон – Афғонистон – 3:2 4 июни соли 2013, Қӯрғонтеппа

Бозии дӯстона Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 4 майи соли 2014, Душанбе

Бозии дӯстона Тоҷикистон– Афғонистон – 1:0 13 ноябри соли 2016, Душанбе

Шарҳҳоро бинед (1)

XS
SM
MD
LG