Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Ғанӣ: "Ҳозирем Толибонро ҳамчун ҳизби сиёсӣ қабул кунем"


Дувумин нишасти байналмилалии маъруф бо "Kabul process" рӯзи 28-уми феврал дар пойтахти Афғонистон баргузор шуд. Ҳадафи аслии ин нишаст, баҳс дар мавриди барқарории сулҳ дар Афғонистон гуфта шудааст. Дар ин ҳамоиш намояндагони беш аз 25 кишвар ва созмонҳои байналмилалт ширкат доштанд.

Ҳукумати Афғонистон ва Толибон бори охир соли 2015 бо ҳам вориди гуфтушунид шуданд, аммо музокирот баробари оғоз ёфтан ноком шуд.

Ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки тарҳҳоеро дар мавриди гуфтугӯ бо Толибон ва Покистон ба шарикони байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Ин дар ҳолест, ки Толибон аз Амрико хостааст, ки ба таври мустақим бо намояндагони дафтари ин гурӯҳ дар Қатар гуфтугӯ кунад. Нишасти нахустини "Kabul process" чанд моҳ пеш дар Кобул баргузор шуда буд ва дар он низ намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилӣ ширкат карда буданд.

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон дар оғози ҳамоиши Кобул гуфт, ки ин нишаст як фурсати хубе барои эҷоди тавофуқи байналмилалӣ дар амри мубориза бо терроризм аст. Оқои Раббонӣ гуфт, ки ба хотири хунсо кардани таҳдидҳои амниятӣ, ниёз ба як стратегияи муштарак аст.

Ба дунболи ӯ, раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар ин нишаст суханронӣ намуд ва пешниҳод кард, ки ҳамчун як бахши раванди сулҳу созиш, Толибон гурӯҳи қонунии сиёсӣ эътироф шавад. "Толибон ва ҳамаи аъзои гурӯҳ, тасмим бо шумост. Сулҳро бипазиред, дар гирди мизи гуфтушунид ҷамъ шавед ва биёед Афғонистонро якҷо бисозем", - гуфт Ашраф Ғанӣ.

Вай гуфт, ки ҳукумати Афғонистон барои оғози гуфтугӯҳо бо Толибон ҳеҷ шарте надорад. Аммо вай ба Толибон пешниҳод кард, ки гуфтугӯҳои сулҳ бояд бо дарназардошти дастовардҳо, манфиати миллӣ, Қонуни асосӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон оғоз шавад. Ғанӣ ҳамчунин ба ҷангҷӯён оташбас, озодии зиндониҳо, шиноснома, дафтари корӣ дар Кобул ё минтақаҳои дилхоҳи дигар ва лағви таҳримҳоро пешниҳод кард.

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон.
Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон.

Ҳарчанд Толибон дар ин авохир хостори гуфтугӯ бо Амрико шудаанд, вазорати умури хориҷии ИМА гуфтааст, ки тарафи гуфтугӯ бо ин гурӯҳ ҳукумати Афғонистон. Шӯрои олии сулҳи Афғонистон низ ибрози умедворӣ кардааст, ки талошҳои ахири ҳукумати ин кишвар, ба хусус нишасти дувуми "Kabul Process" битавонад заминаеро барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон шавад.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки аз тарафи Ғарб пуштибонӣ меёбад, баъди хуруҷи НАТО дар соли 2014, дар ҳоли муқовимат бо Толибон ва ҷангҷӯёни дигар қарор дорад. Моҳҳои ахир теъдоди зиёди ғайринизомиён дар Кобул ва минтақаҳои дигари Афғонистон дар пайи ҳамлаҳои Толибон кушта шуданд. Ҳукумати Афғонистон ва Толибон бори охир соли 2015 бо ҳам вориди гуфтушунид шуданд, аммо музокирот баробари оғоз ёфтан ноком шуд.

XS
SM
MD
LG