Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дили мухлисони “Аҳал”-ро шикаст


Бозии Аҳалу Истиқлол дар соли 2015
Бозии Аҳалу Истиқлол дар соли 2015

Дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) - 2018 тими «Аҳал», барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Туркманистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Ин бозии даври панҷуми гурӯҳи “D” шоми имрӯз, 1-уми май, дар варзишгоҳи “Ишқобод”-и пойтахти Туркманистон ба поён расид. Голи ягонаро нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм, ба ҳадаф расонд.

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар назди мо дар Ҷоми АФК вазифаи ҷиддӣ гузошта шудааст. Аввалан - аз гурӯҳ баромадан. Фикр мекунам, ки ҳама чиз дар даври охирин 16-уми май, вақте ки мо дар хона муқобили «Алтин Асир» бозӣ мекунем, ҳал мешавад.”

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 бар тими «Аҳал» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд. Ин бозӣ 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид. Голи ягона дар дақиқаи 25-уми дидор зада шуд. Баъди зарбаи ҳамлагар Николай Зенко, легионери “Истиқлол” аз Беларус, тӯб ба ҳимоятгари “Аҳал” бархӯрда, ба дарвозаи меҳмонон ворид шуд.

Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи “D” рӯзи 2-юми май “Алтин Асир”-и Туркманистон дар майдони худ бо “Олой”-и Қирғизистон рақобат мекунад.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Алтин Асир” бо 8 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Аҳал” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018. Минтақаи марказӣ . Гурӯҳи «D». Даври 5-ум

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 0:1

Гол: Фатҳулло Фатҳуллоев, 52

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Артём Барановский, Давронҷон Эргашев, Амирбек Ҷӯрабоев, Нозим Бобоҷонов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 45), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Шериддин Бобоев, 86), Николай Зенко.

Сармураббӣ – Муҳсин Муҳаммадиев

«Аҳал» (Аҳал, Туркманистон): Ботир Бобоев, Нурёғдӣ Муҳаммадов (65), Мурод Аннаев, Ихлос Сапармамедов (Бегенч Оқмамедов, 88), Сулаймон Муҳадов, Гуванч Абилов (Дидор Дурдиев, 76), Ота Гелдиев, Дидор Ҳоҷиев, Вазиргелдӣ Илёсов, Хушгелдӣ Хоҷовов, Мардон Қурбонов.

Сармураббӣ – Равшан Муродов

Огоҳонида шуданд: Ромиш Ҷалилов, 43 (“Истиқлол”), Дидор Ҳоҷиев, 64 («Аҳал»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Чуан Фу (Сингапур).

1 май. Ишқобод. Варзишгоҳи «Ишқобод». 18 456 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

4

1

0

8-4

13

2

«Алтин Асир» (Туркманистон)

4

2

2

0

9-5

8

3

«Аҳал» (Туркманистон)

5

1

1

3

5-3

4

4

«Олой» (Қирғизистон)

4

0

0

4

5-15

0

Бозиҳои боқимонда:

Даври 5-ум

2 май (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум

16 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG