Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуршедро 30 рӯз аз футбол "бадарға" карданд


Хуршед Бекназаров
Хуршед Бекназаров

AFC – Иттиҳодияи футболи Осиё - Хуршед Бекназаров, ҳимоятгари тими Тоҷикистонро барои 30 рӯз аз ҳаққи ҳар навъ фаъолияти марбут ба футбол маҳрум кард.

AFC – Иттиҳодияи футболи Осиё – рӯзи 25 сентябр эълон кард, ки Хуршед Бекназаров, ҳимоятгари тими Тоҷикистон барои 30 рӯз аз ҳаққи ҳар навъ фаъолияти марбут ба футбол маҳрум шудааст. Дар баёнияи AFC ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин муҷозоти футболбози тоҷикро метавонанд баъдан барои боз 20 рӯзи дигар тамдид кунанд.

Ташхиси пешоби Хуршед Бекназаров, ки рӯзи 14 сентябр баъди бозии якуми тими Тоҷикистон бо Сингапур дар мусобиқоти Бозиҳои 17-уми Осиё дар Инчони Кореяи ҷанубӣ анҷом шуд, дар бадани ин ҳимоятгари 20-сола вуҷуди метилҳексанамин ном як маводи мамнӯъро нишон додааст. WADA – Оҷонсии ҷаҳонии зидди джопинг – аз соли 2010 ба ин сӯ метилҳексанаминро ба “рӯйхати сиёҳ”-и маводи истифодааш барои варзишгарон мамнӯъ ворид кардааст.

Шӯрои олимпии Осиё – масъули баргузории Бозиҳои Осиё- рӯзи 24 сентябо бо эълони натиҷаҳои ташхиси допинги Хуршед Бекназаров ба ин футболбози тими Тоҷикистон барои тарки макони ин мусобиқот 2 рӯз фурсат дод ва гуфт, тасмимҳои баъдиро дар мавриди ӯ бояд Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ФИФА – Иттиҳодияи футболи ҷаҳонӣ – ва Иттиҳодияи футболи Осиё бигиранд.

Хуршед Бекназаров аз бошгоҳи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода буда, як узви муҳими хатти дифоъи тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ дар ҳамаи 3 бозии мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои Осиё ширкат кардааст. Тоҷикистон дар гурӯҳи С бо касби 6 имтиёз ҷои дувумро гирифт ва бояд акнун рӯзи 26 сентябр дар даври ҳаштякниҳоӣ бо тими Ироғ – ғолиби гурӯҳи D - вориди рақобат шавад. Аммо Хуршед Бекназаров, ки бояд то он рӯз тарки Кореяи ҷанубӣ кунад, дар ин рақобат дигар ба тими Тоҷикистон кумак карда наметавонад.

Хуршед Бекназаров инак дувумин талафоти тими футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёст. Нимҳимоятгар Абдулло Саидов, ки дар тими кишвар аз бошгоҳи ССКА “Помир” намояндагӣ мекард, дар Корея кӯррӯда (апендитсит)-ашро ҷарроҳӣ кардааст ва ба ин далел низ имкони ҳунарнамоӣ надорад.

Қазияи Хуршед Бекназаров нахустин мавриди кашфи допинг дар мусобиқоти Бозиҳои 17-уми Осиё дар Кореяи ҷанубист. Тоҷикистон ба ин мусобиқот як ҳайати бузурги иборат аз 150 нафар, бо шумули 92 варзишгарро фиристодааст. Вале бо гузашти як ҳафта аз оғози расмии Бозиҳои Осиё тими Тоҷикистон дар инҷо ҳанӯз ягон медал ба даст наовардааст.

Масъулони тими футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон мегӯянд, аз қазияи омада бар сари ин яке аз футболбозони муҳими тим хеле дар ҳайрат ва маъюс шудаанд. Улуғбек Каримов, менеҷери дастаи Тоҷикистон рӯзи 24 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аслан умедвори чунин сурати кор набуд ва то ҳол бовараш намеояд. Фаррух Авезов, духтури тими Тоҷикистон низ имкони даст ба истифодаи допинг бурдани Хуршед Бекназаровро ғайри қобили боварӣ номид. Масъулони тим гуфтанд, ки барои сафед кардани номи ин футболбоз ва ҳам обрӯи тими Тоҷикистон тамоми талошро хоҳанд кард.

Худи Хуршед Бекназаров танҳо гуфтааст, ки номи метилҳексанаминро бори аввал мешунавад.

Ташхиси допинг дар бадани футболбози тими Тоҷикистон инак се рӯз боз аз сархати хабарҳои расида аз Бозиҳои Осиё пойин намешавад. Дар бораи ин қазия ҳатто расонаҳои мӯътабари байналмилалие, чун Ройтерс ва Евроспорт, хабар додаанд.

Парвиз Турсунов
Парвиз Турсунов

Қаблан аз таҳаввулоти футболи тоҷик танҳо моҷарои Парвиз Турсунов, бозигари тими "Хайр"-и Ваҳдат, ки ба далели риши дарозаш ба бозӣ роҳ дода нашуд, ва ҳам моҷарои футболбози "Регар-ТадАЗ" Аҳтам Ҳамроқулов, ки баӣди ду голи задааш ба дарвозаи "Вахш" масъулони барқи шаҳри Қӯрғонтеппа хатти барқи манзили падари ӯро буриданд, ба чунин шакли густарда дар расонаҳои байналмилалӣ мунъакис шуда буд. Дар ҳарсе маврид сухан, мутаассифона, дар бораи моҷароҳо меравад, то аз дастовардҳои футболи тоҷик.

XS
SM
MD
LG