Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар маросими ботантанаи «AFC Annual Awards 2016”, ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу-Даби – доир шуд, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2016-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.
Бозигари мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб ва бошгоҳи «Ал-Айн» Умар Абдулраҳмон соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин бозигари Осиё” байни мардон гардид.
Барандагони ҷоизаҳои AFC дар соли 2016:
Ҷоизаи «Алмоси Осиё» – Исса Хаяту;
Орзуи Осиё – Созмони футболи Қатар;
Созмонҳои миллии сол:
Рӯҳбаланкунанда – Созмони футболи Ҷопон;
Дар ҳоли рушд – Федератсияи футболи Ҳиндустон;
Кӯшишкунанда – Федератсияи футболи Бутан;
Ҷоизаи эътирофи президенти АFC барои инкишофи футболи оммавӣ:
Рӯҳбаланкунанда – Федератсияи футболи Австралия;
Дар ҳоли рушд– Федератсияи футболи Филиппин;
Кӯшишкунанда – Созмони миллии футболи Бруней;
Беҳтарин мураббии сол:
Дастаи мардона – Чои Канг-Хи (Кореяи Ҷанубӣ);
Дастаи занона – Чан Юн-Тинг (Ҳонконг);
Ҷоизаи махсуси эътирофи AFC – Макото Тегурамори (Ҷопон);
Бозигари беҳтарини Осиё байни мардон – Умар Абдулраҳмон (ИМА);
Бозигари беҳтарини Осиё миёни занон – Кайтлин Фоорд (Австралия);
Беҳтарин бозигари футзал – Алиасғар Ҳасанзода (Эрон);
Беҳтарин бозигари ҷавон – Ритсу Доан (Ҷопон);
Беҳтарин бозигари ҷавон миёни духтарон – Фука Нагано (Ҷопон);
Беҳтарин бозигари осиёӣ, ки дар дигар қитъа бозӣ мекунад –Синдзи Окадзаки (Ҷопон, «Лестер Сити», Инглистон);
Ҷоизаи махсуси AFC барои доварон (мардон) – Алиризо Фағонӣ, Ризо Сухандон, Муҳаммад Ризо Мансурӣ (ҳама аз Эрон);
Ҷоизаи махсуси AFC барои доварон (занон) – Кате Якевикз, Ренае Гохилл (ҳарду аз Австралия), Увена Фернандес (Ҳиндустон).