Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Осиёии Рушд стратегияаш дар Тоҷикистонро тағйир дода, эълон кард, ки аз ин ба баъд барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, таҳсили касбии ҷавонон ва тиҷорат сад миллион доллар медиҳад.

Бонки Осиёи Рушд (ADB) эълон кард, ки дар се соли оянда ба буҷаи давлатии Тоҷикистон 100 миллион доллар ёрӣ хоҳад кард. Радҷеш Васудеван -- мутахассиси Бонки Осиёии Рушд рӯзи 28 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин миқдор пул барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, тиҷорат ва таҳсили касбии ҷавонон сарф хоҳад шуд.

Ба қавли Васудеван, Бонки Осиёии Рушд дар стратегияи наваш дар Тоҷикистон сармоягузорӣ дар бахшҳои энержӣ ва нақлиётро кам карда, баръакс, ба тағйири иқлим таваҷҷуҳ хоҳад намуд. Барои мисол, БОР сармоягузорӣ дар бахши энержӣ дар Тоҷикистонро аз 80 то 55 дарсад поин хоҳад овард.

Аз соли 1998 то кунун ин бонк 13 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи онҳо 905 миллион доллари амрикоӣ буда, 75 дарсадашон грант ҳастанд. Аммо бар асоси арзёбии коршиносони бонк, яке аз ин барномаҳо "бисёр муваффақ", нӯҳ барномаи дигар "муваффақ" ва ду барнома "номуваффақ" будаанд.

ТАФСИЛОТ ДЕРТАР НАШР МЕШАВАД.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG