Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатти баландшиддати "Шимол-Ҷануб" дубора фаъол шуд


Ширкати «Барқи Тоҷик», мегӯяд, ки таъмири хатти баландшиддати Шимол-Ҷануб пурра анҷом ёфт.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» рӯзи 25-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки хатти баландшиддати Шимол-Ҷануб, ки аз тариқи он сокинони вилояти Суғд аз маркази кишвар нерӯи барқ мегиранд, дубора фаъол шуд.

«Аз рӯзи якшанбеи 24-уми ноябр ба ин тараф ҳамаи навоҳии вилояти Суғд дар чаҳорчуби маҳдудутии барқе, ки қаблан ҷорӣ шуд таъмин ҳастанд», зикр кард Нозирҷон Ёдгорӣ. Вай меафзояд баъд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хатти баландшиддати Шимол Ҷануб қабл аз оғози фасли сармо аз тарафи мутахассисони ширкати Барқи Тоҷик давраи санҷиши-омодакунӣ анҷом дода мешавад.

Гуфта мешавад аз 17-уми ноябр ба ин тараф бинобар таъмиру тармими хатти баланшиддати Шимол Ҷануб дар қаламрави вилояти Суғд ҳамагӣ 2 соат барқ ба навоҳии ин вилоят дода мешуд.

Мутахассисони ширкати Барқи тоҷик ҳамроҳ бо кормандони ширкати чиноии “ТВЕА” тайи як ҳафта онро таъмир кардаанд.

Шабакаи барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб – Шимол”-ро дар поёни соли 2009 бо тӯли 325 километр аз ноҳияи Турсунзода то шаҳри Хуҷанд ширкати чиноии ТВЕА бунёд карда буд. Бо фаъол шудани ин хат дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ таъсис ёфт. Барои бунёди ин хати барқ 281 миллион доллар, ки 267 миллионаш қарзи Чин аст, сарф шудааст.

Вилояти Суғд тавассути ин хат дар шабонарӯз ҳудуди 7 миллион киловатт/соат нерӯи барқи нирӯгоҳи Норакро дарёфт мекард.

Дар муддати камтар аз 4 сол таъмирталаб шудани ин хатти барқ, ки барои бунёди ҳар километраш беш 850 ҳазор доллар харҷ шудааст, сарусадоҳоеро дар байни мардум эҷод кардааст.
XS
SM
MD
LG