Пайвандҳои дастрасӣ

Фарҳод Мӯъминов: Фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ хатарҳои худро дорад


Фарҳод Мӯъминов

Фарҳод Мӯъминов, кӯҳнаварди 28-сола аз Тоҷикистон қуллаҳои баландтарини беш аз 20 давлати ҷаҳонро фатҳ карда, нахустин кӯҳнаварди тоҷик аст, ки баландтарин қуллаи Аврупо – Элбрусро фатҳ намудааст.

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Майкоп Фарҳод Мӯъминов дар бораи вижагиҳои қуллаи Исмоили Сомонӣ, хатарҳо ва назокатҳои табииӣ ин баландӣ сӯҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Қуллаи Исмоили Сомонӣ чӣ вижагиҳои дигар дорад ва чаро барои як кӯҳнавард фатҳи он муҳим дониста мешавад?

Яке аз хатарноктарин саддҳо – ғорҳои яхӣ ё ҷариҳои яхбаста аст. Кӯҳнавард ногаҳон ба ингуна ғорҳои яхӣ вохӯрданаш мумкин. Агар кас пешакӣ бо чашми худ ғорро дида тавонад, аллакай 50 % муваффақияти кӯҳнавард аст.

Фарҳод Мӯъминов: Қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки номи пешинааш Коммунизм буд, соли 1999 тағйири ном кард. Он баландтарин қулла дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравии пешин ба ҳисоб меравад (беш за 7400 метр). Исмоили Сомонӣ яке аз панҷ қулла дар ҳудуди СССР-и собиқ аст, ки аз 7 ҳазор метр баландтар буда, дар миёни онҳо ҳам баландтарин мебошад. Бисёре аз кӯҳнавардон орзу мекунанд, ки ин қулларо фатҳ кунанд. Аввал ин, ки ин як қуллаи хеле зебо ва ҷалбкунанда аст. Вале на ҳама тавони фатҳи ин қулларо дорад.

Ҷариҳои якхаста - домҳои нонамои баландиҳои барфпӯш

Радиои Озодӣ: Вале бо ин ҳама хеле хатарнок ҳам ҳаст?

Фарҳод Мӯъминов: Ду-се мушкил дорад. Вақте қулла баланд шуд, ҳатман хатарнок мешавад. Ҳар қадар баланд шуд, қуллааш сард мешавад. Иқлими ҳаво зуд тағйир меёбад. Дар фосилаи 10-20 дақиқа чунон ҳаво зуд тағйир меёбад, ки дар лаҳзаҳое чанд имкони дидани қулла аз байн меравад. Мо дар ингуна ҳолатҳо будем. Масалан, вақте шурӯъ мекунӣ ба боло рафтан, ҳаво соф аст ва ҳамаро хуб мебинӣ. Вале дар муддати 20-25 дақиқа ҳаво дигар мешавад ва қулларо дида наметавонӣ. Роҳатро гум мекунӣ ва намедонӣ ба кадом тараф ҳаракат кунӣ. Ман таърихи бисёр кӯҳнавардонеро, ки ин қуллаҳоро фатҳ кардаанд, омӯхтаам ва ҳар яки онҳо мувофиқи маршрути муайян ҳаракат мекунад. Барои мо муҳим аст, ки ҳар як садд ё мушкили пеши роҳро бидонем. Яке аз хатарноктарин саддҳо - ғорҳои яхӣ ё ҷариҳои яхбаста аст. Кӯҳнавард ногаҳон ба ингуна ғорҳои яхӣ вохӯрданаш мумкин. Агар кас пешакӣ бо чашми худ ғорро дида тавонад, аллакай 50 % муваффақияти кӯҳнавард аст. Дар ҳоле, ки тобистон ҳам вақте барф меборад, рӯи ин ғорҳо мақкам мешавад ва онҳоро дида намешавад. Вақте кӯҳнавард ин шикофиро надида, қадам мегузорад, ба он сарозер мешавад.

Радиои Озодӣ: Ин ҳолат мисли дом мешавад?

Фарҳод Мӯъминов: Бале. Аз ҷумла, ба ҳангоми баланд шудан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ ингуна ғорҳо ҳастанд. Соле, ки мо он ҷо будему ба кӯҳи Корженевский мебаромадем, гурӯҳи кӯҳнавардони хориҷӣ ба кӯҳи Исмоили Сомонӣ мебаромаданд. Вақте мо аз кӯҳи Корженевский мефаромадем, бо кӯҳнавардони Исмоили Сомонӣ дар як майдончае вохӯрдем. Қароргоҳ дар як майдонча буд ва аз тарафи дасти рост – Исмоили Сомонӣ ва аз тарфи дасти чап қуллаи ба номи Корженевская. Баъди чанд рӯзи фатҳи қуллаи Корженевская дар ҳамин қароргоҳ кӯҳнавардони хориҷӣ гуфтанд, ки ба ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ як ҳамроҳи амрикоиашон ба ҳамин як ғоре сарозер шуд. Вале хушбахтона ӯ тавонист аз он шикофӣ, ки начандон ҷуқур афтода буд, худаш мустақилона баланд шавад. Вай баъд ба мо гуфт, ки шикофи зери пояшро надид ва афтод.

Аксар чархболҳо бо мушкили ҳаво рӯбарӯ мешавад

Радиои Озодӣ: Ин ба он маъност, ки шахс наметавонад танҳо ва бидуни омодагӣ ба фатҳи қулла биравад?

Фарҳод Мӯъминов: Сад дар сад ҳамингуна аст. Омодагии дуруст дида ҳамроҳ бо гурӯҳ рафтан лозим аст. Бояд дар гурӯҳ роҳбаладони ботаҷриба бошанд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло фарзияи аввалияе, ки расман гуфта шуд, ин аст, ки гӯё бо сабаби номусоидии ҳавову бодҳои шадид чархбол бо кӯҳе бархӯрд. Ин фарзия дуруст буда метавонад ва чӣ хатарҳое дорад иқлими он ҷо барои парвози чархболҳо:

Фарҳод Мӯъминов: Ман ҳам бовар мекунам, ки фарзияи аввалин ин иқлим ва боду ҳаво мебошад. Мо ҳам вақте он ҷо будему ба чархбол эҳтиёҷ доштем, як гурӯҳи мо ба Душанбе баргашт ва мо интизори чархбол будем. Маҳз бо сабаби бад будани ҳаво чархбол танҳо баъди чор рӯз ба назди мо омад.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти ин ҳама хатарҳо, кадом мавсим беҳтарин аст барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ.

Фарҳод Мӯъминов: Албатта, танҳо фасли тобистон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG