Ахиран дар канораҳои Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми интиқоли 187 кг ҳероин боздошт шуд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳуввияти ин шахс барои онҳо ошно будааст.
Боздоштшуда Рустам Ғозиев ном дошта, солиёни зиёд барои ҳамдастӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Ахиран мақомоти Русия дар бораи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳаллаи атрофи Маскав хабар дода гуфтанд, ки ӯ ҳангоми интиқоли миқдори махсусан зиёди ҳероин ба даст афтод.
Тибқи иттилои Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия, Рустам Ғозиев сокини ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон буда, барои узвияташ дар гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар пайгарди ниҳодҳои қудратӣ қарор дошт. Мақомоти тоҷик Ғозиевро як узви фаъоли гурӯҳи ҷиноии Маҳмуд Худойбердиев медонад.
Хадамоти федералии назорати маводи нашъадор мегӯянд, ки Ғозиев 187 кило ҳероинро дар дохили турб, ки барои фурӯш пешбинӣ шудааст, ҷо карда, аз вилояти Тошканд тавассути қатор ба шаҳри Оренбурги Русия ва аз он ҷо бо мошини боркаше ба самти шаҳри Москва бурданӣ шуд, аммо аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар наздикии пойтахти ин кишвар дастгир шуд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки ин бор ба ширкати «Восток»-и вилояти Тошканди Узбакистон таалуқ доштааст.
Дар охири солҳои 1990-ум Рустам Ғозиев дар Тоҷикистон бо моддаи 185 Кодекси ҷиноии ин кишвар дар ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ айбдор дониста шуд ва бо сабаби фирораш аз кишвар дар ҷустуҷӯи сохторҳои қудратӣ қарор дошт. Тафтишот мегӯяд, ки вай таи ин муддат дар ҳудуди ҷумҳурии Узбакистон ба сар бурдааст. Ҳанӯз маълум нест, ки оё Ғозиев ба Тоҷикистон истирдод мешавад ё на.
Радиои Озодӣ