Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯъмон – ҷуғрофидони сесола аз Урметан. ВИДЕО


Нуъмон Мирзоёрови сесола давоми се моҳ номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро азхуд кардааст. Дар деҳаи Урметан, калонтарин рустои водии Зарафшон бештарин афроде, ки ба Нуъмон рӯбарӯ мешаванд, мехоҳанд ӯро имтиҳон кунанд. Ӯ ҳам бо лафзи кӯдаконааш ба пурсишҳои ҳамдеҳагон посух медиҳад.

Кор фақат бо Ориён буд. Аз истеъдоди Нуъмон хабар надоштам. Як шаб имтиҳон кардам. Вақте ба Ориён суол медодам, аз ӯ пеш Нуъмон посух медод.

Шумо оё медонед, ки пойтахти Камерун шаҳри Яунде ва пойтахти Ғано шаҳри Аккра мебошад? Дар Тоҷикистон инро шояд ба ҷуз аз муаллимони фанни ҷуғрофия дигарон надонанд. Аммо Нуъмони сесола метавонад ба осонӣ ба ин суолҳо посух бидиҳад ва номи пойтахтҳои аксари кишвари ҷаҳонро номбар кунад.

Бо ин хурдсолӣ, Нуъмон ҳамчунин кишварҳоро аз харита нишон дода, парчамашонро низ мешиносад. Хотираи фавқуллодаи Нуъмони сесола аз ноҳияи Айнӣ баҳсеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехта буд.

"Рақобат бо бародар Нуъмонро вундеркинд кард"

Нуъмон Мирзоёров бо волидонаш дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ зиндагӣ мекунад. Волидонаш мегӯянд, истеъдоди Нуъмон барояш ноошно буд ва рақобат бо бародари калониаш қобилияти ӯро ошкор кард.

Хотирмурод Мирзоёров, падари Нуъмон мегӯяд, ҳамааш аз моҳи январ замоне шуруъ шуд, ки ӯ китоби ҷуғрофия барои хонандагони синфи 9-ро мутолиа ва фарзандонаш кунҷкобона аз ӯ дар бораи Тоҷикистон ва ҷаҳон суол мекарданд. Хотирмурод мегӯяд, омӯзиши ин чизҳо барои Нуъмон ҳоло барвақт буд ва ба ин хотир ӯ асосан бо фарзанди калониаш Ориён машғулият мегузаронд. Аммо имтиҳони Хотирмурод нишон додааст, ки баръакси Ориён фарзанди хурдиаш Нуъмон дарсро хубтар азхуд кардааст.

"Кор фақат бо Ориён буд ва ман аз истеъдоди Нуъмон огоҳ набудам. Як шаб имтиҳон кардам ва вақте ба Ориён суол медодам, аз ӯ пеш Нуъмон ба суолҳо посух медод. Намедонистам, ки Нуъмон чӣ хел номи пойтахтҳоро азхуд кардааст. Баъд аз ин ҳодиса баҳс ва рақобат байни якдигар шуруъ шуд",--мегӯяд Хотирмурод Мирзоёров.

Падари Нуъмони сесола мегӯяд, ӯ баъди таваллуд гирифтори бемории инкишофи сусти ҷисмонӣ буд “ва бо зӯри дорую даво то имрӯз расид.”

Нуъмони чуғрофидон аз Урметан
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:30 0:00

"Айниро навкарони амири Бухоро 75 дарра заданд"

Нуъмони сесола давоми се моҳ номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро азхуд кардааст. Дар деҳаи Урметан, калонтарин рустои водии Зарафшон бештарин афроде, ки ба Нуъмон рӯбарӯ мешаванд, мехоҳанд ӯро имтиҳон кунанд. Ӯ ҳам бо лафзи кӯдаконааш ба пурсишҳои ҳамдеҳагонаш посух медиҳад.

Хотирмурод Мирзоёров, падари Нуъмон.
Хотирмурод Мирзоёров, падари Нуъмон.

Истеъдоди Нуъмон Мирзоёров пас аз он вирди забонҳо гардид, ки як видеои суолу ҷавоби ӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар ин навор Нуъмон номи пойтахтҳои 123 давлати дунёро номбар мекунад. Наздиконаш мегӯянд, ба дониши Нуъмони хурдсол баъзеҳо бо шубҳа менигаранд ва ҳатто ӯро ба Душанбе даъват карда, дар ҳузури устодони донишгоҳ суолу ҷавоб карданд.

Аммо дар кулл волидони Нуъмон мегӯянд, бовар надоштанд, ки истеъдоди Нуъмон таваҷҷуҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб мекунад. Нуъмон ба ҷуз азхудкунии номи пойтахти кишварҳо, алифбои забони тоҷикиро низ қисман азхуд кардааст. Нуъмони хурдсол номи қаҳрамонони Тоҷикистонро номбар карда.

Масалан, ӯ медонад, ки "Садриддин Айниро навкарони амири Бухоро 75 дарра заданд", Нуъмон инчунин номи уқёнусҳоро азхуд карда, ҳатто медонад, ки ҷазираи калонтарини дунё Гренландия буда, аз мушкили таъмини об азият мешавад. Ба ғайр аз ин Нуъмон номи 8 раисҷумҳури кишварҳои собиқи Шӯравиро азхуд кардааст.

"Таваҷҷуҳи мо истеъдоди Нуъмонро ошкор кард"

Хотираи фавқуллодаи Нуъмони сесола аз ноҳияи Айнӣ баҳсҳоеро ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён оварда буд. Бархе инро дар хотираи фавқуллода доштани ин наврас ва бархеи дигар натиҷаи заҳмати волидонаш медонанд.

Хотирмурод Мирзоёров, падари Нуъмон мегӯяд, агар фарзанди ӯ истеъдоди нодир ҳам дошта бошад, аммо бидуни талоши онҳо дар гумон буд Нуъмон дар хурдсолӣ ин ҳама чизро азхуд кунад. Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, Нуъмон бо бародараш дар омӯзиш рақобати сахт доранд.

"Вақте ман як суол диҳам, баробар ҷавоб медиҳанд, вақте ба Ориён офарин гӯям, Нуъмон гиря мекунад. Нуъмон ба суолҳо ҷавоб диҳад ё не, бояд ғалабаро ба ӯ диҳем. Ҳатто ба бародараш ишора мекунам, ки агар Нуъмон хато ҳам ҷавоб диҳад, чизе нагӯяд",-афзуд падари Нуъмон.

Ба назари Хотирмурод, дар Тоҷикистон зиёдан наврасоне, ки мисли писари ӯ истеъдоди нодир доранд, аммо бо сабаби бетаваҷҷуҳии волидон ин истеъдодҳо ошкор ва рушд намеёбанд. Хотирмурод аз таҷрибаи худ мегӯяд, машғулияти танҳо семоҳаи ӯ бо фарзандонаш тавонист истеъдоди онҳоро ошкор кунад.

Худи Хотимурод хатмкардаи риштаи телекомуникатсияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад. Аммо мегӯяд, бо сабаби кам будани маош дар Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзӣ ба Русия меравад. Ин шабу рӯз Хотирмурод дар тараддуди ба муҳоҷират рафтан аст ва ҳам нигарон аст, ки ба Русия рафтан ба ҷараёни омӯзиши фарзандонаш таъсири манфӣ мерасонад. Ин сокини Айнӣ мегӯяд, зиёд мехоҳад дар ватан канори фарзандонаш бошад, аммо набуди кори муносиб ӯро маҷбур мекунад роҳи муҳоҷиратро пеш гирад.

"Туҳфа дар ивази ҳар посухи дуруст"

Нуъмон дар зодгоҳаш рустои Урметан соҳиби “сарпараст” аст. Музаффар Солеҳов, сокини ин русто, ки як фурӯшгоҳ дорад, дар рушд ва кашфи истеъдоди Нуъмон саҳмгузор шуд. Музаффар мегӯяд, тақрибан ҳамарӯза вақте Нуъмон ба мағозааш меояд, бо ӯ суолу ҷавоб карда, дар ҳар посухи дуруст ба ӯ туҳфа медиҳад.

Ин сокини рустои Урметан мегӯяд, барои Нуъмон харита ва овезаи номҳои қаҳрамонҳои Тоҷикистонро туҳфа кардааст. Аммо Музаффар Солеҳов мегӯяд, аз ин кор ягон ғараз надорад ва танҳо ҳадафаш рушди истеъдодҳои нодир мебошад.

Бо ин ҳама волидони Нуъмони хурдсол мегӯянд, талош доранд ҷараёни омӯзиши Нуъмон қатъ нашавад. Нуъмон, ки дар ду соли аввали зиндагиаш гирифтори беморӣ буд ва наздиконаш сиҳат ёфтан ва истеъдоди нодири ӯро туҳфаи Худо медонанд. Худи Нуъмон мехоҳад дар оянда табиб шавад ва аз ҳоло медонад, ки барои ҳарорати баланд доруи “парацетамол” ва дар ҳолати инкишофи заъиф “глюконат кальция” истеъмол намояд.

"Равоншинос: Аз хотираи фавқуллода набояд сӯистифода шавад"

Хотираи фавқуллодаи доштани Нуъмони хурдсол дар ҳоле мавриди баҳс қарор мегирад, ки равоншиносон мегӯянд, набояд дар ин синну сол ба ӯ маълумоти зиёд дода шавад. Нафиса Юнусова, равоншиноси тоҷик, ки бештар бо кӯдакон сару кор дорад, мегӯяд, наврасони хурдсол дорои хотираи хуби механикӣ мебошанд, ки маълумотро ба осонӣ азхуд мекунанд.

Ба қавли хонум Юнусова, наврасони хурдсол маълумотро на маъноан балки калима ба калима ё ба истилоҳи маъруф “қориазёд” мекунанд. Аммо дар робита ба қобилияти Нуъмон Мирзоёров ин равоншиноси тоҷик мегӯяд, баъзан чунин ҳодисаҳои бесобиқа мушоҳида мешаванд. Нафиса Юнусова мегӯяд, бо инки наврасони хурдсол дорои хотираи тоза ҳастанд, набояд онҳоро ба омӯзондани чизе маҷбур кард.

"Мо равоншиносон тавсия медиҳем, ки инкишофи кӯдак то дараҷаи азхуд кардани барномаҳои таълимӣ пухта расад. Лекин дар ҳолатҳое, ки кӯдак қобилиятҳои махсусро ифода мекунад, албатта аз ҳамон синну сол оғоз кардан лозим аст. Чун ин гуна кӯдакон нисбат ба ҳамсолонашон пеш мераванд",-афзуд Нафиса Юнусова.

Дар кулл, ин равоншиноси тоҷик мегӯяд, тарзи дурусти кор бо наврасони дорои хотираи бесобиқа чунин аст, ки набояд раванди омӯзишашон қатъ шавад ва дар айни ҳол набояд ба онҳо маҷбуран маълумоти зиёд омӯзонда шавад.

Нуъмон Мирзоёров аз аввалин наврасони хурдсоли тоҷик нест, ки дорои хотираи фавқуллода аст. Чанд сол қабл як навраси шашсола аз шаҳри Душанбе тавониста буд тариқи тамошои филм забони олмониро дар сатҳи як хатмкардаи донишгоҳ азхуд кунад. Инчунин дар чандин озмунҳои қироати Қуръон дар Тоҷикистон наврасони хурдсоле иштирок карда буданд, ки ин китоби муқаддас барои мусалмононро пурра азёд карда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG