Пайвандҳои дастрасӣ

"Бойҳо дар Тоҷикистон рӯзнома намехонанд" ВИДЕО


Ба фарқ аз рӯзномафурӯшҳои дигар дар Душанбе, ки дар нуқтае хомӯш мунтазири харидор менишинанд, як ҷавон барои фурӯши нашрияҳо аз шеваи наве кор мегирад.

Садои баланде, ки сарлавҳаҳои матолиби муҳими нашрияҳои Тоҷикистонро эълон мекунад, диққати бисёриҳоро дар хиёбону ошхонаҳои Душанбе ба худ ҷалб месозад. Ин садои Кабир Эмомзод, рӯзномафурӯши 32-сола аз ноҳияи Ваҳдат аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ дар як ҷой наменишинад, мавзӯҳои муҳими рузномаҳоро ёддошт ва боҳарорат, бо садои баланд дар хиёбонҳои шаҳр таблиғ мекунад.

Кабир мегӯяд, ки харидорони рӯзномаҳо дар чанд соли ахир хеле коҳиш ёфтаанд. Сабабро ӯ ҳам дар афзоиши дастрасии мардум ба интернет медонад, ки хабарҳои муҳимро оҷил нашр мекунад.

Мегӯяд, ки барои фурӯхтани рӯзномаҳо қариб ҳар рӯз тақрибан 30 километр роҳро тай мекунад. “Бомдодро хонда аз хона мебароям, то соати 12-и шаб ман рӯзнома мефурӯшам. Ҳоло дигар мисли солҳои пеш рӯзнома харидори зиёд надорад ва бо дар як ҷо нишастан намешавад корро анҷом дод. Дар шаҳр пойи пиёда мегардам ва газета пешниҳод мекунам.”

Кабир, ки даҳ соли ахир рӯзнома мефурӯшад, хатту савод надорад. Маводи муҳими ҳар шумораи рӯзномаҳоро барояш журналистон муаррифӣ мекунад ва ӯ ҳам ёддошт карда, ба мардум мерасонад. Кабир дар 7-солагӣ баъди кушта шудани падару модараш солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, як муддат ба қатори кӯдакони оворагарди шаҳр пайваст ва бе хату савод монд.

“Натавонистам, ки дар мактаб хонам ва хатту савод гирам. Дар ҳар ҷо калон шудам, дар даруни қубурҳои обу роҳҳои зери заминӣ шабро рӯз мекардам. Баъдан дар бозор аробакашӣ ва мошиншӯӣ мекардам. Баъзан ба ҷои ҳаққи кор мушту лагад мехӯрдам. Хулоса, дар ҳар ҷо, дар дари хонаи мардум калон шудам.”

Баъдан ба сафи артиш пайваст ва дар 24-солагӣ бо кӯмаки хешу табор оиладор шуд. Ҳоло ду фарзанд дорад ва худаш, ки дар зиндагӣ азият кашидааст, мегӯяд, барои таъмини фарзандонаш меҳнат ва роҳҳои наву муассири фурӯши нашрияҳоро пайдо мекунад.

Ба рӯзномафурӯшӣ ҳам ӯро чанд хабарнигор ба хотири кӯмак барои пешбурди зиндагиаш, ҷалб кардаанд. Бо роҳҳои ғайримаъмулӣ ва сару либосӣ монанд ба низомӣ, Кабир дар як рӯз тақрибан 100 дона рӯзнома мефурӯшад.

Мегӯяд, болои ҳар рӯзнома ҳам 20 дирам мемонад. "Ду сомониву 80 дирам мехарам, 3 сомонӣ мефурӯшам. Бо ин роҳ ҳам зиндагии ду фарзандамро пеш мебарам. Баъзеҳо рӯзнома намехаранд, вале бароям чанд сомонӣ дароз мекунанд, намегирам. Мегӯям ман бояд бо меҳнати худам ва арақи ҷабин пул кор кунам”,,-мегӯяд Кабир.

Кабир 10 сол боз рӯзнома мефурӯшад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:07 0:00

Ин рӯзномафурӯши ботаҷриба мушоҳида кардааст, ки мардуми доро тақрибан рӯзнома намехаранд. Муштариёнаш сокинони миёнҳол ҳастанд. “Мегӯянд, ман савод надорам. Ё пеш мекунанд. Мегӯянд, на худат даркорӣ ба ман, на рӯзноммат. Баъзеҳо ҳам мегӯянд, умуман шароити харидории газета надоранд, мегӯянд, 3 сомонӣ дорам ва беҳтар аст 3 нон харида ба хона барам."

Кабир мегӯяд, харидорони рӯзномаҳо дар чанд соли ахир хеле коҳиш ёфтаанд. Сабабро ӯ ҳам дар афзоиши дастрасии мардум ба интернет медонад, ки хабарҳои муҳимро оҷил нашр мекунад. Аз сӯйи дигар ба гуфтаи Кабир, бархе аз мавзуву мӯҳтавои нашрияҳо норозигӣ мекунанду намехаранд. “Мегӯянд, рӯзномаат мавзӯи хуб надорад. Бовар мекунонам, барояшон мегӯям, бигиред агар маводи хуб надошта бошад, пулатро гашта медиҳам. Вале розӣ намешаванд. Мегӯянд, матлабҳои рӯзномаҳо ҳама дурӯғанд.”

Аммо афроде, ки рӯзнома мехонанд, рӯзномаҳои Кабирро бо хушӣ мехаранду аз шеваи нашрияфурӯшии ӯ таъриф мекунанд. Фаришта Мирзоева, ки меҳмони пойтахт аст, мутолиаи китобу ҳафтаномаҳоро дӯст медора ва барои матлабе дар бораи Рӯзи ошиқон як ҳафтанома харид. "Маъмулан рӯзномафурӯшҳо дар кӯча дар як ҷо нишаста, нашрияҳоро мефурӯшанд. Ин ҷавон ба назди мо ба ошхона омад ва рӯзномаҳои худро реклама кардан, гирифт. Гуфт дар бораи Рӯзи ошиқон чизҳои нағз ҳаст, хонед. Ман ҳам як нашрия гирифтам",-афзуд Фаришта Мирзоева.

Ба ҷуз аз фоидаи каму беши нашрияфурӯшӣ, Кабир барои ин кораш 400 сомонӣ маош мегирад. Агарчи маблағи зиёд нест, аммо ӯ феълан ба рӯзномафурӯшӣ идома доданист. Кораш ба ӯ писанд аст, аммо аз он нороҳат аст, ки кори рӯзномафурӯшӣ дар кишвар ҳар рӯз мушкилтар мешавад.

Таҷрибаи истифода аз шеваҳои мухталифи нашрияфурӯшӣ дар Душанбе ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад, матбуоти тоҷик феълан дар ҳолати бӯҳронӣ ба сар мебарад ва теъдоди нашри рӯзномаву ҳафтаномаҳои тоҷикзабон ҳам то 50 дарсад поин рафта, талабот ба рӯзномаҳо ҳам камтар мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG