Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурӯғи универсалӣ (Танз)


Суханбек Ширинбеков

Хонандаи "Блогистон" Суханбек Ширинбеков пешниҳод кард, дар ин сафҳа ҳамчунин намунаҳои бадеӣ низ нашр кунем. Ба хусус танз ва достонҳои кутоҳе, ки зиндагии имрӯзаи мардумро бозтоб диҳанд. Барояш гуфтем, нахуст аз худаш сар кунем. Инак, навиштаи ӯро пешкаш мекунем, агар писанд омад, идома медиҳем.

ДУРӮҒИ УНИВЕРСАЛӢ

‒ Рӯз ба хайр, ‒ мегӯяд ӯ.

‒ Рӯз ба хайр, ‒ мегӯяму мегузарам. Аммо бозмедорад маро ҳамсояи тарафи чап, собиқ корманди гумрук, собиқ миллиардер, собиқ рутбадори олӣ, собиқ “красавчик”-и шаҳрак Хоҷа Сангалӣ. Аз тарс дилам меларзад. Худоё наход, ки ҳамин дубора вазифа гирифта бошад?!

‒ Чӣ шах шудӣ? ‒ мегӯяд ва маро ба гап кашиданӣ мешавад.

‒ Ҳеҷ гап не, камтар хастаам.

‒ Мегузарад, орд харидӣ?

‒ Не.

‒ Тезтар орд бихар, орд қиммат мешавад, 30 фоиз.

‒ Хеле хуб, ҳатман 10 халта мегирам.

‒ Не 10 халта кам, зиёдтар бигир.

‒ Хуб, мегӯяму мегузарам ва мефаҳмам, ки Хоҷа ҳоли маро намедонад, зеро пули ман базӯр ба як халта орд мерасад. Аммо ман ӯро мешиносам, нағз мешиносам. Аз рӯзи аввали кораш: аз кондукториаш дар автобус то ба рӯзҳои вазифагириву ба нафақа баромаданаш. Аммо маро дуруст нашинохт, ки нашинохт. Хайр нағз, нашинохтагиаш нағз, ду қадам дуртар аз бало. Кӣ медонад ӯро аз вазифа барои чӣ лӯхтак барин ҳаво доданд? Шояд барои пул шуда, ба созмонҳои хориҷӣ пайваст шуда бошад? Аз инсони мансабхоҳу пулпараст ҳама чизро интизор шудан мумкин, мегуфтанд солҳои шӯравӣ кампирони деҳа. Шукр, ки зиёд ба гап нагирифт...

Ду қадам намонда, ҳамсояи дигар дар сари роҳам сабз шуд:

‒ Салом, ҳамсоя. Равған нагирифтед?

‒ Не, ҳоло ҳаст камтар.

‒ Не-е-е, камтар намешавад, зиёдтар гиред. Қиммат мешавад, рамазон дар пеш.

‒ Наход?! Баракс, бояд арзон шавад.

‒ Э не-е-е! Ҳар сол дар Рамазон, қиммат мешавад. Ҳа, гуфтагӣ барин, гӯшт ҳам гиред, бензин қиммат шуд. Қиматии гӯшт ба бензин чӣ рабт дорад ё чорвои кишвари мо бензин мехӯрад? Аҷаб инсонҳои содда, ба ҳама чиз нисбӣ менигаранд. Инҳо намедонанд, ки ҳамаи ин бизнес аст...

Субҳи барвақт аз хона бароям, ҳамсояи саррофам мепурсад:

‒ Ҳазрат, аз қиматиҳо хабар доред?

‒ Не, мегӯям, мағрурона.

‒ Наход? Тамоми мардуми ҷумҳурӣ огоҳу, наход шумо бехабар бошед? Ҳар чӣ зудтар рафта харид кунед, ки дар нимароҳ мемонед, гуфта маслиҳат медиҳад. Ман ҳам табъаш хира нашавад гуфта, даҳонро калон кушодам:

‒ Э не-е, захираи мо бақувват, аз давраи Шӯравӣ мондагӣ. Ду хона пури қанду набот, орду гандум ‒ то бинӣ. Равған бо шакалад ‒ 40 флак, чойи кабуд ва қаҳваи хориҷӣ ‒ ду пушти мошин, бензину солярка ‒ беҳисоб, намак то буни гӯш, гӯшту биринҷ то таҳхонаи ҳамсоя, хай либосу дигар лавозимот кам нест. Як костюму шалвор 10 сол меравад. Баробари шунидани ин суханҳо ранги рӯйи ҳамсоя парид.

Ман аз таъриф сармаст шуда будам, рагҳои баданам мисли аловпарак мепариданд, дилам меларзид, мӯйҳои сарам рост шудаву нимхам мешуданд. Шодию сурурам ҳад надошт, ҳар кас маро медид, ҳайрон мешуд, офарин мегуфт. Зиндагиро бо ҳама буду набудаш “шукр гуфта”, ширин ҷилва медодам, ҳатто аз будаш 150 фисад зиёдтар нишон медиҳам. Фариштаҳои чапу рост кайҳо саргаранг шудаанд, зеро дар ин 45 сол боз чунин зиндагиро надидаанд. Албатта дурӯғ аст, вале дурӯғи универсалӣ. Бовар кунед, дар як лаҳза андешаам муосир, мувофиқ ва замони нав шуд. Ва ҳамсоя аз ин ҳолат дар ҳайрат монд, ҳоли маро дида, нашинохтагӣ барин гуфт:

‒ Дар замони кризис таваллуд шудӣ, ки ин қадар зиракӣ?

Бало ба пасаш, шарм надошта, ҳамин гапро гуфт, ҳол он ки ман дар миёни кризис зиндагӣ мекунам. Аммо бизнесмен не ва мунофиқ ҳам не, танҳо барои зиндагӣ роҳ меёбам, талош мекунам новобаста аз қимат будани пирожкиву ролтон. Бале, дурӯғ гуфтам, вале агар дурӯғ нагӯям, дарҳол мефаҳмад, ки дар ҳавлии бойҳо чӣ хел зиндагӣ мекунам? Раваду дар байни мардум овоза шавад, ки фалонӣ дар асри 21 бо маош зиндагӣ мекунад? Он вақт чӣ мешавад? Хайрият, ки мағзам кор кард, вагарна овоза то ба Ҳиндустон мерасид. Шукр ба ҳаминаш ҳам.

Суханбек Ширинбеков

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Гузоришҳои видеоӣ

Хирси сафеди гуруснаву хаста то шаҳри Норилск расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00
XS
SM
MD
LG