Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё омӯзгор ҳаққ дорад болои талаба даст бардорад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ин ҳодиса рӯзи гузашта дар яке аз макотиби пойтахти Тоҷикистон ва дар робита ба либоси мактабӣ рух додааст.

Як хонандаи мактаби рақами 24–и пойтахт рӯзи гузашта ба «Озодӣ» аз ҳодисаи ахири дар ин мактаб рух дода қисса ва шикоят кард. Бино ба гуфтаи ин духтарак, ки дар синфи 10-и мактаби мазкур таҳсил мекардааст, дар пайи як рейд ё санҷиши сару либоси хонандаҳо, раҳбарияти мактаб ба синфи онҳо даромада духтарҳоро маҷбур мекунад, ки либосҳои болопӯш ё курткаҳои худро бикашанд ва вақте мебинад, ки духтарҳо дар зер либосҳои ранга ва шим доранд, онҳоро сарзаниш карда, ба рӯяшон шаппотӣ мезанад.

Хонанда мегӯяд, раҳбарияти мактаб аз онҳо дар ҳоле пӯшидани либоси мактабӣ талаб мекунад, ки синфхонаҳо сарданд аз онҳо талаб мешавад, ки либоси болопӯши худро бикашанд. Мусоҳиби мо хонандаи синфи даҳуми мактаби рақами 24 мегӯяд, пас аз ин амали роҳбари мактаб дигар намехоҳад ба мактаби мазкур равад: «Синфҳои мо шароити бе болопӯш нишастанро надоранд. Маҷбур карданд курткаҳоро бадар кунем. Хайр, бисёр духтарҳо вадаласка доштанд ва моро зад. Мегӯяд, дискотека меравед бо ин либосҳо. Мегӯяд, сарафан ва куртаи сафед пӯшед.»

Модари хонанда Анора дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, духтараш дар ҳоле ба хона омад, ки беист гиря мекард ва ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи модар саломатии духтараш чандон хуб нест: «Дар хона нишаста будем, ки саҳар гиря карда омад. Муаллима фикр намекунад, ки ҳоло дар соати дарсӣ духтар аз мактаб берун шуда оё хона меравад, намеравад. Рафтаву худро ягон кор мекард? Кӣ ҷавоб медод. Духтарро худаш дили касалӣ дорад. Бо ин хел муносибат кардаанд, хеле нороҳат шудаму тарсидам.»

Ин модар мегӯяд, маҳз ба далели бархӯрди номуносиби омӯзгорон дар мактаб, духтари бузургаш чанд соли пеш пас аз хатми синфи нӯҳ дигар хоҳиши идомаи таҳсилро накардааст. Барои саривақт наовардани маблағи мактаб, ӯ дар назди дигар хонандаҳо аз омӯзгорон гап мешунаваду дигар намехоҳад ба мактаб равад.

Дар ҳамин ҳол мо талош кардем бо худи раҳбари мактаби мазкур тамос гирем. Аммо ба занги телефонии мо дар қабулгоҳи роҳбари мактаб нафар дигаре посух дод. Ба гуфтаи ин омӯзгор, ки муаррифӣ нашуд, воқеан ҳам дар мактаб ин субҳ як санҷише дар синфхонаҳо барои сару либоси хонандаҳо гузаронида шуд ва чун аксар хонандаҳо сару либоси рангорангу номувофиқи дарсӣ доштанд ва директор онҳоро ҷанг кардааст. Аммо роҷеъ ба даст бардоштани роҳбар ба духтарон, мусоҳиби мо гуфт чизе намедонад.

Шикояту баҳс ва аз дарс берункуниҳо барои риоя накардани ин қоида ва ё напӯшидани либоси мактабӣ дар таълимгоҳҳои Тоҷикистон чандин сол аст идома дорад. Ва ин нофаҳмӣ ба қавле байни хонандаҳо ва масъулини мактаб бо фарорасии фасли сармо ва либосҳои гарм боз бештар мешавад. Дар ин фасл хонандаҳо ғолибан дигар бештар ба пӯшидани шиму болопӯшҳои ғафс бартарӣ медиҳанд, аммо дар мактаб аз онҳо пӯшидани доману кофтаҳои сафед ё дигар либосҳои ягонаи дарсӣ талаб мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Ҳамидуллохон Фақиров, раҳбари раёсати маорифи шаҳр, тибқи як дастур хонандаҳо иҷозаи пӯшидани шим ва либосҳои ғафсро доранд: “Супориш ҳам додем, ки дар фасли сармо хонандаҳо либосҳои ғафc ба бар кунанд, аммо албатта ин либосҳо рангаву суратдор набошанд. Варзишӣ набошанд. Дигар либоси гарм дошта бошад бе мушкил метавонад ба бар кунад.”

Аммо дар сурати номувофиқ будани либоси хонанда ба либоси ягонаи мактабӣ ҳам, ба гуфтаи Ҳамдуллохон Фақиров омӯзгор ҳаққ надорад ба хонанда даст боло кунад ва ё сухани қабеҳ гӯяд: “Муаллима ҳақ дорад эрод гирад ва агар зарур бошад, аз рӯйи қонун муроҷиат мекунад санаду ҷарима мекунанд, аммо даст бардоштан ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест.”

Ҳамдуллохон Фақиров, раҳбари раёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, дар робита ба қазияи мазкур санҷиш гузаронида хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати бархӯрди дағалонаву номуносиб дар мактаб, хонандаҳо ва ҳамчунин омӯзгорон метавонанд аз тариқи сомонаи онҳо dushanbemaorif.tj ба раёсати маорифи шаҳр муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG