Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии як хонаводаи африқоӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Хонаводаи Олеве Феми як сол қаблаз кишвари африқоии Нигерия ба Тоҷикистон омада, дар инҷо кору зиндагӣ мекунад. Муҳит ва сокинони Тоҷикистон барои фарзандони Феми нав ва номафҳум буд. Фарзандонаш мутмаин набуданд, ки дар муҳити нав онҳоро хуш мепазиранд, зеро тафовути аввал ва намоёни онҳо аз мардуми Тоҷикистон ранги пӯсташон буд.

Олеве Феми дар ширкати "Сомон Эйр" ба унвони мудири сифат ва амнияти парвозҳо кор мекунад. Ҳамсараш, ки муаллима аст, айни ҳол дар Дубай фаъолият менамояд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Рӯзгори як хонаводаи африқоӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Рус Олеве, духтари Олеве Феми, рӯзи 13-уми январ гуфт, "вақте ба мактаб омадам, аз ранги пӯстам шарм медоштам. Бисёр ғамгин будам. Аммо вақте Ариана -- як духтараки тоҷик ба наздам омад ва пешниҳоди дӯстӣ кард, хеле шод шудам. Ба хона омада ба хоҳарам гуфтам, ки ҳамаи кӯдакони инҷо мехоҳанд бо мо дустӣ кунанд, ба фикрам ба онҳо ранги пӯстамон ҷолиб аст. Хоҳарам гуфт, дигар аз ранги пӯстат фикр накун."

Барои кӯдакони Феми дар Тоҷикистон ҳама чиз тақрибан нав аст. Махсусан чаҳор фасли Тоҷикистон ва бориши барф ва барфбозӣ барояшон хеле хуш омадааст. Аммо дар ибтидо хӯрдани ғизоҳои тоҷикӣ барояшон мушкил буд.

Ин хеле хуб аст, ки бачаҳо омада бо фарзандони мо шинос мешаванд. Ҳамроҳи худашон онҳоро ба кӯча мебаранд. Онҳо бештар мехоҳанд, ки бо фарзандони ман дӯст шуда, забони англисиро ёд бигиранд

Фиби Олеве, духтари дигари Феми Олеве мегӯяд, ӯ кӯшиш кард, ки ба хӯрдани ғизоҳои тоҷикӣ одат кунад ва ҳоло оши палав ва қурутобро меписандад. Мегӯяд, ошиқи боғҳои инҷо ва кӯҳҳои баланду барфпӯши Сафеддарра аст.

Дӯстони нав дар Тоҷикистон барои кӯдакони Олеве Феми дунёи кӯдакони тоҷикро барояшон боз кард. Онҳо дар баробари дигар машғулиятҳо, бозиҳои кӯдакони тоҷикро қабул кардаанд ва мегӯянд барояшон ин бозиҳо хеле ҷолиб аст. Ҷеррми Олеве, писари Олеве Феми мегӯяд, ки ӯ аз дӯстонаш ламкабозиро дар инҷо ёд гирифтааст.

Фарзандони ҷаноби Феми дар мактаби байналмилалии "Контифилд Интернешнл Скул" дар Душанбе таҳсил мекунанд. Дарсҳо дар мактаб бо забони англисӣ ва русӣ ҷараён мегирад, ки барои фарзандони Феми хеле мувофиқ аст.

Олеве Феми мегӯяд, "ин хеле хуб аст, бачаҳо омада бо фарзандони мо шинос мешаванд. Ҳамроҳи худашон онҳоро ба кӯча мебароранд. Онҳо бештар мехоҳанд, ки бо фарзандони ман дӯст шуда, забони англисиро ёд бигиранд."

Феми мегӯяд, рӯзҳои авали зиндагӣ дар Душанбе ҳатто мардуми роҳгузар аз ӯ ва хонаводааш даъват мекарданд, ки бо онҳо акс гиранд, зеро ранги пӯсташон барои онҳо ғайримуқаррарӣ буд. Ҳамин тавр баъдан дар Тоҷикистон дӯстони зиёди хонаводагӣ пайдо карданд ва онҳоро ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Ҳамин муносибати гарми мардуми тоҷик кӯдакони онҳоро ошиқи Тоҷикистон кардааст.

XS
SM
MD
LG