Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти "военком"-и Кӯлоб бо 300 доллар "пора"


Маросими гусели навҷавонон ба артиш дар Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Рустам Бурҳонов – сардори Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб – бо иттиҳоми гирифтани беш аз 300 доллар “пора” барои таҳияи билети ҳарбӣ ба як сокини ин минтақа боздошт шудааст. Мақомоти Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон гуфтанд, ки Рустам Бурҳонов ҳафтаи гузашта, ҳангоми гирифтани ин миқдор пул, ба даст афтод.

Давоми панҷ моҳи ахир бори савум аст, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбии минтақаи Кӯлоб бо гумони "порагирӣ" боздошт мешаванд.

Як манбаъ дар Оҷонси зиддифасод рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “вай қасд дошт, ин шаҳрвандро ғайри қобили қабули хидмати низомӣ эътироф карда, барояш билет бидиҳад. Ин шаҳрванд ба Оҷонсӣ муроҷиат кард. Ҳоло таҳқиқ ҷараён дорад”.

То ҳол наздикони сардори боздоштшудаи комиссариати ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб дар ин замина изҳори назар накардаанд. Тайи тақрибан ним соли ахир ин боздошти севуми кормандони комисариати ҳарбӣ дар Кӯлоб аст.

Рустам Бурҳонов соли гузашта ба вазифаи комиссари Комиссариати минтақаи Кӯлоб таъин шуда, то ҳафтаи пеш дар ин мақом фаъолият мекард ва баъди боз шудани парванда нисбат ба ӯ аз кор сабукдӯш шудааст.

Даъвати навҷавонон ба артиш дар минтақаи Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.
Даъвати навҷавонон ба артиш дар минтақаи Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Алайҳи Рустам Бурҳонов бар асоси қисми яки моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Дар сурати исбот шудани ин иттиҳом, Рустам Бурҳонов ба панҷ сол зиндон маҳкум шуда, аз “ишғоли мансаби муайян” ва ё “машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян" то се сол маҳрум мегардад.

Аз ин пеш дар моҳи декабри соли 2017 дафтари матбуоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ёрдамчии калони сардори шӯъбаи дуюми комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб Парвиз Ҳалимов аз шаҳрванд “А” барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар прокуратураи ҳарбии минтақаи Кӯлоб озод намудан 6000 сомонӣ талаб намудааст.

Ҳамчунин, дар моҳи сентябри соли 2017 Авазхон Шайхов, сардори зершӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хидмати ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуда буд. Ба иттилои мақомот, Авазхон Шайхов аз шаҳрванд Орифов С. 400 доллари амрикоӣ ва 250 сомонӣ гирифта, билети ҳарбии қалбакӣ тайёр карда додааст.

Зимнан, Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб дар соли 2017 шуморе аз кормандони пулису идораҳои заминсозро барои ришвахорӣ боздошт ва нисбаташон парванда боз карда буд. Аммо дар соли 2018 ин аввалин мансабдори сатҳи болост, ки бо иттиҳоми гирифтани “пора” дар минтақаи Кӯлоб нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG