Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси корхонаи ордбарории Кӯлоб ба ҷавобгарӣ кашида шуд


Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Валӣ Давлатов, раиси корхонаи «Суғдиён», бо иттиҳоми фиреби муштариҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳангоми тафтиш 1200 халта ё беш аз 65 тонна орди мӯҳлати истеъмолаш гузаштаро ошкор намудаанд.

Масъулони додситонӣ дар шаҳри Кулоб рӯзи 13 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додситонӣ нисбати Валӣ Давлатов, раҳбари корхонаи орд бо моддаи 209, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар

Тоҷирон орди маҳаллиро бо халтаҳое мефурӯшанд, ки дар онҳо нишонаҳои корхонаҳои Қазокистон насб шудааст. Дар ҳоле ки ин орд дар корхонаҳои Кӯлоб тавлид шудаанд

додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад», 294, қисми 3, банди «б», яъне "фиреби истеъмолкунандагон ба миқдори махсусан калон" ва 322, қисми 1 – "хунукназарӣ" парванда боз карда ва ҳамакнун барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар сурати исботи иттиҳом алайҳи Валӣ Давлатов ӯро ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда ё аз 2 то 5 соли зиндон мунтазир аст.

Маълум нест, ки худи Валӣ Давлатов ва вакили дифояш ба ин қазия чӣ назар доранд. Худи соҳибкор ва ҳам зердастонаш аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунанд.

Мақомот: Орд сифаташро аз даст дод

Шуҳрат Шарипов, як масъули раёсати “Тоҷикстандарт” дар минтақаи Кӯлоб гуфт, пас аз санҷиш маълум шуд, ки орд ба меъёр ҷавобгӯ нест. Шарипов гуфт, “дар таркиби орд кирму миттаи зинда ошкор шуд”.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Шарипов гуфт, ин ниҳод дар хулосааш ордро муҳлаташ гузашта ва ғайристандантӣ нишон додааст. “Мувофиқи мактуби додситонӣ мо аз орд намуна оварда, ташхис гузарондем. Баъдан дар таркиби 64 тонна орди “Суғдиён” кирму митта ошкор карданд ва маззаи орд талхӣ дошт. Умуман фуруши чунин орд манъ аст. Замоне? ки ин ҳолат ошкор шуд, фурӯши ордро боздоштем”, - гуфт мусоҳиби мо.

Боздошти раҳбари корхонаи орди шаҳри Кӯлоб ва боз шудани парванда нисбат ба ӯ аз тарафи додситон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар гузашта ин корхона дар минтақа маъруф буд ва орди тавлиди он ба вилояти Бадахшон низ интиқол меёфт.

Орди тоҷикӣ бо бренди "Истеҳсоли Қазоқистон"

Масъулони корхонаи орди Кӯлоб аз ибрози назар дар робита ба қазияи боз шудани парванда алайҳи раҳбари ин корхона худдорӣ мекунанд. Аммо шоҳидон мегӯянд, ки сабаби пастсифат будани орди тавлиди корхонаи орди Кӯлоб ба худи кормандони ин корхона рабт мегирад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, коргарон орди муҳлаташ гузаштаро бо орди тоза тавлид шуда ҳамроҳ мекунанд, ки дар ниҳоят пастсифат ва корношоям шудаанд.

Ҳамакнун парвандаи ҷиноӣ нисбати Валӣ Давлатов дар додгоҳ қарор дорад. Валӣ Давлатов моҳи январи соли ҷорӣ ҳамчун раҳбари корхонаи «Суғдиён»-и Кӯлоб таъин шуда буд.

Чаҳор соли пеш дар бозору дӯконҳои минтақаи Кӯлоб, халтаҳои орди маҳаллӣ бо тамғаи Қазоқистон пайдо шуда буд. Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори вақти Кӯлоб дар нишасти матбуотие аз ин вазъ ба шиддат изҳори нигаронӣ кард ва соҳибкоронро аз тақаллуб кардан дар самти фурӯши орд хушдор дода буд. Раҳмонов гуфта буд, "тоҷирон орди маҳаллиро бо халтаҳое мефурӯшанд, ки дар онҳо нишонаҳои корхонаҳои Қазокистон насб шудааст. Дар ҳоле ки ин орд дар корхонаҳои Кӯлоб тавлид шудаанд".

Зимнан, дар бозору дӯконҳои шаҳр ва минтақаи Кӯлоб орди тавлиди Кӯлоб 140 сомонӣ нарх дорад. Аммо орди тавлиди Хуҷанд ва Қазоқистон аз 150 то 160 сомонӣ фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG