Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Ёвонро, ки исмаш на дар руйхати афроди шубҳанок ва на дар руйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ буд, барои ширкат дар ҷангҳои Сурия 15 сол зиндон кард. Пас аз ду моҳи бозгашт аз Сурия, 17-уми апрели соли 2017 кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии Вахш тасодуфан ӯро боздошт карданд.
Узвият дар шохаи "Ал-Бухорӣ"-и ДИИШ
Дар ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон, ки таҳти раисии додрас Фахриддин Додоматзода содир шудааст, гуфта мешавад, Омонқул Эрназаров, сокини 25-солаи ноҳияи Ёвон охири моҳи феврали соли 2017 аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ соли 2015 барои кор ба Русия рафт ва аввали соли 2016 ба пайвандонаш гуфт, ки барои кор ба Туркия меравад. Пайвандонаш мегӯянд, ба ширкати Омонқул дар ҷангҳои Сурия бовар надоранд, вале мақомот мегӯяд, узвияти ӯ дар гурӯҳи “Ал-Бухорӣ” ва ширкат дар ҷанг алайҳи ҳукумати Сурия “сад дар сад” тасдиқ шудааст.
Мақомот мегӯянд, ба ҷуз шаҳодати маҳкумшуда, зангҳо телефонӣ ва аксҳое, ки аз ӯ дастрас кардаанд, нишон медиҳад, ки ӯ дар Сурия қарор дошт ва ҳатто борҳо ҳамсарашро ташвиқ кардааст, ки ба Туркия биояд.
Омонқул дар додгоҳ гуфтааст, ки бо ташвиқи бародараш Фазлиддин, ки ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад, ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия рафт. Дар Сурия ӯ узви гурӯҳи “Ал-Бухорӣ” буд, ки аксаран узбактаборони Ҷабҳат-ан-нусра"-ро муттаҳид мекард ва ба шаҳодати Омонқул 350 узв доштааст. Ҳарчанд, дар ҳукми додгоҳ "Ал-Бухорӣ", як шохаи ДИИШ гуфта шудааст, вале бар асоси иттилои расмӣ, ин ҷамоа шомили "Ҷабҳат-ан-нусра" аст, ки бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мухолифат дорад. Омонқул дар додгоҳ гуфтааст, дар ин гурӯҳ шаш тан аз узбактаборони Тоҷикистон шомил буда, боқӣ ҳама шаҳрвандони Узбакистон будаанд. Бар пояи шаҳодат дар додгоҳ, Омонқул ҳашт моҳ аз сӯи ДИИШ муқобили нерӯҳои ҳукумати Сурия дар Ҳалаб ҷангидааст. Тавони молии ДИИШ аллакай нокофӣ буд. Аз ин рӯ,Омонқул гуфтааст, ба ӯ ва ҳамроҳонаш ҳудуди 30 доллар моҳона пардохт мекарданд.
Омонқул чӣ гуна аз Сурия баргашт?
Моҳи январ дар як ҷанг дар канори Ҳалаб гурӯҳи “Ал-Бухорӣ” шикаст мехӯрад ва се ҳамроҳи Омонқул кушта ва шаш тан захмӣ мешавад. Салоҳиддин, раҳбари гурӯҳ, ки ба гуфтаи Омонқул, шаҳрванди Узбакистон буд, ба онҳо фармони ақибнишиниро медиҳад. Ин шикастро Омонқул далели пушаймонӣ ва фирораш аз Сурия унвон кардааст. Силоҳи тамғаи “Калашников-59”-ро ҳаво медиҳад ва бо тарошидани риш ва гунг вонамуд кардани худ бо фирориёни Сурия ҳамроҳ шуда, то Туркия мерасад.
Азизмурод Саидов, вакили дифои Омонқул рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояааш гуноҳ дорад, вале пушаймонии ӯро бояд додгоҳ ба назар мегирифт. Ӯ гуфт, Омонқул ҳамчун нафари пушаймоншуда ба ватан баргаштааст, аз ин рӯ, бар асоси эзоҳи моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ, “зархаридӣ”, ки афроди пушаймоншударо афв мекунад, бояд ӯ озод ва ё ҳади ақал ҷазояш камтар мешуд.
Аммо додраси парванда гуфтааст, ин гуна афрод дар ҳоле мавриди афв қарор мегиранд, ки худро ба мақомот таслим кунанд.
Наздиконаш: "Бегуноҳ аст"
Ирода Холмуродова, ҳамсари Омонқул, ки аз ӯ ду кӯдак дорад, мегӯяд, ҳарчанд, додгоҳ шавҳарашро гунаҳкор донист, вале то ҳанӯз ӯ ба ин бовар надорад. Ӯ гуфт, ҳарчанд, шавҳараш давоми як сол ба онҳо ҳеҷ пуле нафиристодааст, аммо дар ду ё се моҳ як бор тамос мегирифт.
Ӯ гуфт: “Мегуфт, ки дар Туркия ҳастам ва кор мекунам. Фақат мегуфт, ки кораш барор нагирифтааст ва наметавонад пул фиристад. Ҳеҷ вақт ба ман нагуфта буд, ки дар Сурия ҳастам. Пас аз омадан низ намегуфт, ки ӯ дар Сурия будааст.”
Ҳайит Эрназаров, падари Омонқул рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш аз Туркия тамос мегирифт ва мегуфт, дар коргоҳи нонпазӣ кор мекунад.
Мақомот: "Далел дорем, ӯ дар Сурия буд"
Аммо мақомот мегӯянд, ба ҷуз шаҳодати маҳкумшуда, зангҳо телефонӣ ва аксҳое, ки аз ӯ дастрас кардаанд, нишон медиҳад, ки ӯ дар Сурия қарор дошт ва ҳатто борҳо ҳамсарашро ташвиқ кардааст, ки ба Туркия биояд. Ба гуфтаи мақомот, исми Омонқул Эрназаров дар руйхатҳои афроди шубҳанок ва рӯйхати ҷавонони шомили гурӯҳи ДИИШ набуд.
Бозгашти ин ҷавон аз сафи ДИИШ дар ҳолест, ки ин созмони тундрав дар Сурия ва Ироқ аксари ҳудуди таҳти назораташро аз даст додааст. Қаблан, мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки бештар аз 1300 нафар шаҳрвандони кишварро рӯйхат кардаанд, ки дар сафи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ қарор доранд.
Коршинос:"Эҳтимолан афроди зиёде ошкор нашудаанд"
Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, бозгашт ва боздошти ин ҷавон нишон медиҳад, ки эҳтимолан афроди зиёде ҳанӯз ҳузурашон дар ин созмони тундрав ошкор нашудааст.
“Хатари бозгашти чунин нафарон ҳоло бештар мешавад. Ин гурӯҳи тундрав ҳам зоҳиран стратегияаашро дигар мекунад ва ҷангиёнашро ба дигар ҷо мефиристад. Аммо ё бо супориши ин созмон ва ё бо эҳсоси пушаймонӣ ҳатман ҷангиёни ин созмон талош мекунанд, ба кишвари худ ё кишварҳои дигар бираванд. Ин мисол нишон дод, ки на ҳамаи ҷангиёни ДИИШ ошкор шудаанд.”
700 тоҷик дар Ховари Миёна
Зимнан, муассиси таҳқиқи масоили амниятӣ дар Амрико мегӯяд, аз миёни 1300 ҷангҷӯи тоҷик, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд, 700 нафарашон ҳанӯз ҳам дар Ховари Миёна мемонанд, ҳарчанд сарнавишти бисёре аз онҳо маълум нест. Дар гузориши Soufan Group, ки рӯзи 24-уми октябр нашр шуд, омадааст, то моҳи июли соли 2016 ҳузури 1600 ҷангҷӯи тоҷик дар Сурияву Ироқ сабт шудааст ва аз инмиён 147 нафар ба Тоҷикистон баргаштаанд.
Ба навиштаи гурӯҳи Soufan Group, аксарияти ҷангҷӯёни хориҷие, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аз Русиява кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ ҳастанд. Бар асоси ин гузориш, аззамони эълони ба истилоҳ Хилофат аз тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дарсоли 2014, бештар аз 40 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ ба минтақа рафта ва ба сафи ингурӯҳ пайвастаанд.
Ду соли пеш ба гуфтаи Soufan Group, Тунис ва Арабистони Саудӣ “содиркунандагони” асосии ҷангҷӯён ба Ироқу Сурия будаанд. Русия баъди онҳо меомад. Ба навиштаи гурӯҳи таҳқиқотӣ, бештар аз 8700 нафар аз кишварҳои шӯравии собиқ ва 3147 нафари онҳо аз минтақаи Қафқози Русия ба минтақаи Ховари Миёна рафтаанд.
Хой мардум аз хоби гарон бархезен харгуна сафсатахо нанависен дониста бошед давлати мо бо чонаш сархадамонро хифз мекунад хатохоеки пештар шуд имруз намешавад мо шахрвандони ин ватан нангу номус дорем аз хама гушаву канори точикистон барои хифзи исфара меравем зинда бод точикистон
Салом хамдиёрони азиз, ин бутун шармандаги ку? Наход аз аввали марафони дав ягон голиби чои аввал аз точикон набошад? Точико чи дабба ё ягон варзишгари хуб надорем магар?
Амрико бояд бо эҳтиёт кор гирад. Як иштибоҳ метавонад тамоми диктаторҳои ҷаҳонро атрофи Путин ё Си гирдоварад. Ба хусус давлатҳои Осиёи Миёна осебпазиранд. Руссия метавонад дар ин давлатҳо тарафдорони худро истифода кунад ва ин давлатҳоро ба составаш баргардонад. Тоҷикистон бошад мустақилияташ ҳатто аз Чечеияву Доғистон камтар аст. Агар Путин хоҳад дар як рӯз ҳукуматро сарнагун карда, ҳукумати марионетки худаша дар Тоҷикистон мемонад, дар байни як ҳафта Тоҷикистонро южная таджикская губерния гуфта аз худ мекунад. Лозим шавад референдум ҳам мегузаронад. Артиши Тоҷикистон қудраташ аз базаи 201 дида ба маротиб камтар аст. Артиши ки барои буду бошаш як дирам ҳам намедиҳаду солдату офицерҳояш статуси дипломатӣ доранд. и
Ин қонунро танҳо барои ситонидани ҷарима аз мардум қабул карданд. Аксари кӯдакони тоҷик ҳамчунон кӯчагадру бесавод мемонанд. На волидон парво доранду на муаллимони макотиб!!!!
Нафаҳмидам, хоҳараш мегӯяд, ки "Мо аз Худо мебинем." Чаро мардуми мо дар бемор шудан ва ба маҳбас афтодан низ номи Худоро меоранд. Чаро бештари мардум дар Тоҷикистон сол то сол бесавод мешаванд ва ба ҷои гуфтани гапи ҳаққ ба дин рӯ меоваранду аз гуфтани сиёсати имрӯзӣ ва ҳақақати ҳол даст мекашанд. Даровоқеъ бисёриҳо ширкати Умед88 ва раҳбари онро танҳо чун фурӯшандагони маводди сӯхтӣ медонанд, вале наздикони Раҷабалӣ Одинаев бояд, ки ҳақиқати ҳолро донанд ва дар бораи он бигӯянд. Тарс нишонаи бесаводӣ ва ҷоҳилист!!!!!!