Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVI осиёӣ: Тоҷикистон бо як медал дар ҷои 25-ум


Тими мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ, ки дар шаҳри Гуанҷоуи Чин бо ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора ҷараён доранд, бо касби як медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои 25-ум қарор гирифтааст.

Мизбонон - варзишгарони Чин, ки дар 6 рӯзи мусобиқот ҳамагӣ 213 медал (116 тилло, 47 нуқра ва 50 биринҷӣ) ба даст овардаанд, мақоми аввалро касб кардаанд.

Варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ бо 112 медал (37 тилло, 32 нуқра ва 43 биринҷӣ) дар ҷои дуввум ва ҷопониҳо бо 117 медал (22+48+47) дар ҷои саввум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 27 кишвар соҳиби медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ гардидаанд. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистону Узбакистон севум кишварест, ки медал ба даст овардааст. Вале Қирғизистону Туркманистон то ҳоло медал нагирифтаанд. Ироқу Лубнон низ мисли Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар ҷои 25-ум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 61 варзишгари тоҷик дар 16 навъи варзиш ширкат меварзанд. Ва то ҳоло ягона медалро барои Тоҷикистон дар Бозиҳои 16-уми осиёӣ паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар риштаи дзю-до дар вазни то 73 килограмм овардааст.

Вале дирӯз, 18-уми ноябр, муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар нахустин даври мусобиқот аз рақибаш Ҷиавей Занг (Чин) аз рӯи холҳо бо ҳисоби 3:6 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Дар сабқати бокс намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг 21-уми ноябр бо Ҳайдар Оразмамедов (Туркманистон) рақобат мекунад. Дар сабқати занон Мавзуна Чориева дар вазни 57-60 кг 21-уми ноябр бо муштзани Қазоқистон Саида Ҳусейнова зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби занонаи волейболи Тоҷикистон 18-уми ноябр дар бозии аввали худ дар сабқати гурӯҳӣ аз тими Чин бо ҳисоби 0:3 (5:25, 4:25, 2:25) шикаст хӯрд. Бозии дуввуми дастаи Тоҷикистон бо тими Кореяи Ҷанубӣ 19-уми ноябр баргузор мешавад.

Имрӯз, 19-уми ноябр, инчунин, камонварон ба рақобатҳо шурӯъ мекунанд. Дар сабқати занон Фирӯза Зубайдова, хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, дар сабқати мардон Ҷамолиддин Шамсиддинов Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.

Хусрав Ғиёсов дар сабқати таэквон-до байни мардон дар вазни то 63 кг, ки нахуст бар Тилек Турсуналиев (Қирғизистон) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад, рӯзи ҷумъа бо Гов Тшомли (Филиппин) қувва меозмояд. Варзишгари дигари тоҷик Фарҳод Неъматов бар Ҷефери Фигеро (Филиппин) дастболо шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале Таҳмина Хоҷаева дар даври ҳаштякниҳоӣ дар сабқати занон дар вазни то 62 кг аз рақибаш - Роҳила Асиминӣ (Эрон) бо ҳисоби 3:13 мағлуб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ то 19-уми ноябр

Т

Н

Б

Ҳамагӣ

1.

Чин

116

47

50

213

2.

Кореяи Ҷанубӣ

37

32

43

112

3.

Ҷопон

22

48

47

117

4.

Эрон

6

5

12

23

5.

Кореяи Шимолӣ

5

8

11

24

6.

Ҳонконг

5

8

6

19

7.

Қазоқистон

4

8

15

27

8.

Тайван

4

6

20

30

9.

Узбакистон

3

9

13

25

10.

Малайзия

3

3

4

10

... 25

Тоҷикистон

0

0

1

1

XS
SM
MD
LG