Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитани тими Тоҷикистон - мавзӯъи баҳси AFC


Акмал Холматов, футболбози дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон (аз чап)
Акмал Холматов, футболбози дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон (аз чап)

Конфедеросиюни футболи Осиё аз Тоҷикистон ва Узбакистон хостааст, ҳуввияти як футболбоз – Акмал Холматовро, ки дар давраҳои гуногун аз ҷониби ҳарду кишвар бозӣ кардааст, рӯшан кунанд.

Ҳарчанд номи ӯ аз тарафи ду кишвар бо тафовути андак навишта шудааст, рӯзу соли таваллуд ва дигар маълумоти ӯ ҳамсон буда, Холматов бо шиносномаи тоҷикӣ дар Ҷоми Осиё-2004, Ҷоми даъвати AFC-2006 ва бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2010 дар дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва аз соли 2004 дар Лигаи қаҳрамонони AFC дар ҳайати тимҳои қаҳрамони футболи Узбакистон бозӣ кардааст.

Конфедеросиюни футболи Осиё ҳушдор додааст, ки дар сурати ошкор шудани хилофкорӣ тарафҳо, яъне Узбакистон ва Тоҷикистон, аз ширкат дар бозиҳо маҳрум шуда, аз онҳо ҷарима ситонида хоҳад шуд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо бо Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ҳамсӯҳбат шудем. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, Федеросиюни футболи Тоҷикистон роҷеъ ба ин масъала ба Конфедеросиюни футболи Осиё маълумот пешниҳод кардааст. Ш. Давлатов афзуд:

"Акмал Холматов , ки 4-уми апрели соли 1976 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, шогирди футболи тоҷик, дастпарвари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол мебошад. Акмал Холматов соли 1996 аз дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба «Нефтчӣ»-и Фарғонаи Узбакистон даъват шуда буд. Имсол ӯ шарафи дастаи «Пахтакор»-и Узбакистонро ҳимоя мекунад. Холматов дар ҳайати дастаҳои қаҳрамони футболи Узбакистон дар Лигаи қаҳрамонони Конфедеросиюни футболи Осиё бозӣ кардааст. Ӯ бо иҷозаи FIFA – Федеросиюни байналмилалии футбол - аз соли 2004 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад ва капитани ин даста аст."

Бад-ин тартиб, ба гуфтаи ҷаноби Давлатов, Федеросиюни футболи Тоҷикистон дастури Конфедеросиюни футболи Осиёро нақз накардааст, бинобар ин натанҳо алайҳи Федеросиюни футболи Тоҷикистон, балки алайҳи Акмал Холматов низ ҳақ надоранд таҳриме эъмол кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар айни ҳол нимҳимоятгар Акмал Холматов дар ҳайати дастаи «Пахтакор»-и Тошканд, қаҳрамони футболи Узбакистон, дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони AFC ширкат меварзад.

XS
SM
MD
LG