Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Бо ҳамин ҳисоб дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар «Гвардия»-и Душанбе пирӯз гардид. «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа тими меҳмон – «Саройкамар»-и Панҷро бо натиҷаи 3:2 шикаст дод.
Ду бозии охирини даври 5-ум бегоҳи 21-уми апрел баргузор шуданд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ «Энергетик»-и Душанберо бо натиҷаи 1:0 мағлуб сохт. «Равшан»-и Кӯлоб аз тими меҳмон – «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Бад-ин тартиб, дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки аз бозии даври панҷум озод буд, бо 12 имтиёз аз 4 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Дастаи «Динамо», ки як бозӣ бештар, яъне 5 дидор анҷом додааст, бо 11 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки нисбат ба рақиби аслиаш «Регар» ТадАЗ як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 9 имтиёз зинаи севвумро касб кардааст Ин се дастаи пешсаф то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд.
Бахтиёр Ҳасанов, бозигари дастаи «Регар» ТадАЗ, ки ҳамагӣ 4 гол задааст, дар рӯйхати беҳтарин голзанҳои мусобиқот дар ҷои аввал аст.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди 5 давр:
|
| Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | «Регар» ТадАЗ | 4 | 4 | 0 | 0 | 18-3 | 12 |
2. | «Динамо» | 5 | 3 | 2 | 0 | 8-4 | 11 |
3. | «Парвоз» | 3 | 3 | 0 | 0 | 4-1 | 9 |
4. | «Вахш» | 4 | 2 | 0 | 2 | 4-3 | 6 |
5. | «Хуҷанд» | 3 | 2 | 0 | 1 | 2-1 | 6 |
6. | «Тоҷиктелеком» | 4 | 2 | 0 | 2 | 4-5 | 6 |
7. | «Гвардия» | 4 | 1 | 1 | 2 | 5-8 | 4 |
8. | «Энергетик» | 4 | 1 | 0 | 3 | 6-7 | 3 |
9. | «Равшан» | 4 | 1 | 0 | 3 | 4-9 | 3 |
10. | CSКА «Помир» | 4 | 1 | 0 | 3 | 3-9 | 3 |
11. | «Саройкамар» | 5 | 0 | 1 | 4 | 6-14 | 1 |
Даври 6-уми мусобиқот 23-ум апрел бо дидори «Гвардия» ва «Тоҷиктелеком» оғоз мешавад. Сипас 24-уми апрел «Хуҷанд» бо CSKA «Помир», «Саройкамар» бо «Вахш» ва «Динамо» бо «Регар» ТадАЗ бозӣ мекунанд. Бозии охирини даври 6-ум 25-уми апрел байни дастаҳои «Парвоз» ва «Энергетик» баргузор хоҳад шуд.