Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи кормандони сафоратхонаҳои мустақар дар Тоҷикистон оид ба мини-футбол ё футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз» бо пирӯзии дастаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хотима ёфт.

Ин мусобиқа бо ибтикори Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Федеросиюни футболи Тоҷикистон доир гардид.

Ҳашт даста – сафоратхонаҳои Афғонистон, Бритониёи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Узбакистон ва Эрон, инчунин, Созмони ҳамкории техникии Олмон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе тӯли панҷ рӯз рақобат карданд.

Дастаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар панҷ дидори худ пирӯзӣ ба даст овард, дар бозии ниҳоӣ бар тими Сафорати ИМА бо ҳисоби 5:1 ғолиб шуд ва соҳиби ҷоизаи аслӣ - «Ҷоми Наврӯз» - гардид.

Дастаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дастаи Сафорати Афғонистон севвум шуд.

Капитани дастаи ғолиб Хусравбек Муродов, котиби севвуми Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, беҳтарин бозигари сабқати дипломатҳо эътироф гардид.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG