Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Рабиев – дар байни беҳтарин голзанҳои ҷаҳон


Юсуф Рабиев
Юсуф Рабиев

Федеросиюни байнулмилалии таърих ва омори футбол феҳрист ё рейтинги беҳтарин голзанҳои ҷаҳонро нашр кард.

Дар ин феҳрист он голҳое ба ҳисоб гирифта шудаанд, ки футболбоз дар ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар ва бошгоҳи худ танҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба самар расондааст. Дар ин маврид Федеросиюни байнулмилалӣ сатҳи мусобиқотро, ки дар онҳо нишонзанҳо гол мезананд, ба эътибор намегирад.

Дар ин феҳрист 59 футболбоз дохил шудаанд, ки аз 6 то 15 гол задаанд. Ба он, инчунин, бозигари дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Юсуф Рабиев шомил шудааст. Ӯ, ки дар ҳайъати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2008 ҳафт гол ба ҳадаф расондааст, ҷои 21-умро касб кардааст. Бояд тазаккур дод, ки дар ин феҳрист пас аз Рабиев як зумра ситораҳои футболи ҷаҳон, ба мисли Мирослав Клозе, ҳамлагари тими «Бавария»-и Мюнхен, Давид Виля, аз бошгоҳи «Валенсия», Роман Павлюченко, собиқ бозигари «Спартак»-и Маскав, Дидйе Дрогба, ҳамлагари «Челси», Адриан Муту, бозигари «Фиорентина», Хуан Роман Рекелме, капитани тими мунтахаби Аргентина, ва дигарон қарор гирифтаанд.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби Кувайт ва бошгоҳи «Ал-Кадисия» Аҳмад Ал-Аҷаб Саъад бо 15 гол ( 12 гол дар ҳайъати тими мунтахаб ва 3 гол дар ҳайъати бошгоҳ) дар садри феҳрист қарор дорад. Самуэл Это’ О бо 11 гол (9 гол дар ҳайъати дастаи мунтахаби Камерун ва 2 гол дар ҳайъати «Барселона») дар ҷои дуввум мебошад.

XS
SM
MD
LG