Дар сабқати имсола 11 дастаи лигаи олӣ барои ба даст овардани Ҷоми кишвар мубориза хоҳанд бурд. Даҳ даста аз даври ҳаштякниҳоӣ ба сабқат шурӯъ мекунанд. Бар асоси қуръакашӣ тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2007, аз даври чаҳорякниҳоӣ ба мубориза ҳамроҳ мешавад. «Парвоз» дар ин давр бо ғолиби ҷуфти «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Динамо»-и Душанбе бозӣ хоҳад кард.
Дар чаҳор бозии дигари ҳаштякниҳоӣ CSKA «Помир»-и Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, «Гвардия»-и Душанбе бо «Энергетик»- и Душанбе ва «Саройкамар»-и Панҷ бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рақобат мекунанд.
Бозиҳои аввали ҳаштякниҳоӣ 10-уми сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ 13-ум ва 14-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд.