Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми даъвати AFC: Тоҷикистон – дар даври ниманиҳоӣ


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар севумин дидори худ дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар гурӯҳи «А» бар тими Афғонистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардид ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Ин дидор дар варзишгоҳи Лол Баҳодур Шастрии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор шуд. Се голро Юсуф Рабиев ва яктоашро Давронҷон Тухтасунов ба самар расонданд.Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими мизбон – Ҳиндустон - бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» тими Ҳиндустон бо 7 имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо 5 имтиёз ҷои дуввумро касб кард. Дастаи Туркманистон бо 4 имтиёз севум шуд. Тими Афғонистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷой гирифт.

Пас аз ду даври бозиҳо дар гурӯҳи «В» дастаҳои Мянмар ва Куриёи шимолӣ, ки 6-имтиёзӣ ба даст овардаанд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Мянмар дар ҷои аввал ва Куриёи шимолӣ дар ҷои дувум қарор доранд ва бегоҳи имрӯз дар бозии даври севум байни ин ду даста ғолиби гурӯҳи «В» муайян хоҳад шуд.

Дар бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи 7-уми август дастаи Ҳиндустон бо дастаи дуввуми гурӯҳи «В» ва дастаи Тоҷикистон бо ғолиби ин гурӯҳ - ё дастаи Мянмар ё дастаи Куриёи шимолӣ - рақобат хоҳанд кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG