Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгари тоҷик Аҳрорҷон Маҳмадҷонов дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар риштаи бокс барои гиромидошти хотираи фӯлодрези машҳур Макар Мазай дар Укроин соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Ин мусобиқаи анъанавӣ барои 42-умин бор бо ширкати беш аз 100 нафар муштзанҳои 10 кишвар баргузор шуд. Дар ҳамаи вазнҳо мизбонон – варзишгарони Укроин пирӯзӣ ба даст оварданд.

Муштзани тоҷик Аҳрорҷон Маҳмадҷонов дар даври ниманиҳоӣ дар вазни то 64 кг аз ғолиби ин мусобиқа, намояндаи шаҳри Полтаваи Укроин Николай Семеняга мағлуб шуд.

Сабқати паҳлавонони навраси Осиё

Аз 24-ум то 28-уми июл дар шаҳри Тошканд мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ байни наврасон баргузор мешавад.

Шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқот паҳлавонони ҷавони тоҷик Ҳасан Ибтидозода (50 кг), Сайёд Раҳимов (58 кг) ва Манучеҳр Маллаев (69 кг) дар риштаи гуштии озод, Муҳаммад Нӯъмонзода (46 кг), Нуриддин Аланазаров (50 кг) ва Нӯъмон Ризоев (58 кг) дар риштаи гуштии фарангӣ ҳимоя хоҳанд кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG