«Энергетик»-и Душанбе тими меҳмон - CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. «Саройкамар»-и Панҷ низ дар майдони худ бар «Гвардия»- и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид.
Дар ҳамин ҳол «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 44 имтиёз аз 17 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Хуҷанд» бо 38 имтиёз дар ҷои дувум мебошад. «Регар» ТадАЗ, ки нисбат ба «Парвоз» 2 бозӣ ва нисбат ба «Хуҷанд» як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 35 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.
Байни панҷ дастаи беҳтарин, инчунин «Вахш» бо 32 имтиёз ва «Динамо» бо 25 имтиёз ҷойгир шудаанд.
Ҳамлагари «Парвоз» Нӯъмон Ҳакимов, ки 14 гол ба самар расондааст, мисли пешин дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст. Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») бо 12 гол дар ҷои дувум ва Шодибек Ғаффоров («Саройкамар») бо 10 гол дар ҷои севум қарор доранд.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | «Парвоз» | 17 | 14 | 2 | 1 | 41-11 | 44 |
2. | «Хуҷанд» | 16 | 12 | 2 | 2 | 21-6 | 38 |
3. | «Регар» ТадАЗ | 15 | 11 | 2 | 2 | 47-14 | 35 |
4. | «Вахш» | 16 | 10 | 2 | 4 | 26-14 | 32 |
5. | «Динамо» | 15 | 7 | 4 | 4 | 24-17 | 25 |
6. | «Энергетик» | 20 | 7 | 3 | 10 | 31-32 | 24 |
7. | «Тоҷиктелеком» | 17 | 7 | 0 | 10 | 24-28 | 21 |
8. | «Саройкамар» | 20 | 5 | 4 | 11 | 33-39 | 19 |
9. | CSKA «Помир» | 19 | 5 | 0 | 14 | 12-39 | 15 |
10. | «Гвардия» | 19 | 4 | 2 | 13 | 19-43 | 14 |
11. | «Равшан» | 20 | 4 | 1 | 15 | 19-51 | 13 |
Бино бар ширкати дастаи миллии кишвар дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё, ки аз 30-вуми июл то 10-уми август дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад, дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон то 17-уми август танаффус эълон шудааст.
Соли 2019....Ивазкунии шиноснома...Гаронии интернет...Бакайдгирии симкорт...Баландшавии нархи гашт... Киматшавии орд... Билохира нагирифтани маблаги бо азобу машакат коркардашуда дар гариба ва равон карда шуда ба ватан чи азобхо... Чуноне барои киматшавии интернет дастачамона шикоят намудем барои орду гушт бояд шикоят намуд.....
Sababho: 1) davlati islomi, 2) duri as Islom.
Чаро ин масъаларо 10 рӯз пеш нагуфтед то мардум пулҳояшонро намефиристоданд ин чигуна тасмим аст.... Дараки пули мардумро йобед пойятонро аз курпаатон дароз накунед оқибаташ хуб нест
Мухтарам Шавкат Мирамонович мо мардуми точик Шуморо дуст медорем. ЗИНДА БОД ДУСТИИ ТОЧИКИСТОНУ УЗБЕКИСТОН.ЗИНДА БОШАНД ЭМОМАЛИ РАХМОН ВА ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ. УСПЕХА ВАМ ПРЕЗИДЕНТЫ
бехтарин намоишнома буд.имруз гайриихтиёр бо дустам ба театри чавонон рафтем. аввалхо намехостам ба театр биравам вале баъди тамошои ин намоишнома хавсманд гаштам ва холо мехохам хар як намоиши театриро тамошо кунам. ТАРМА БЕХТАРИНУ ЧОЛИБ