Қуръакашии бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 30-юми июн дар қароргоҳи AFC - шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё - баргузор шуд.
Футболбозони тоҷик барои чаҳорумин бор дар ин мусобиқот ширкат меварзанд. Вале бозигарони Туркманистон барои аввалин маротиба дар Ҷоми раиси AFC иштирок мекунанд.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон бо «Полис Клаб»-и Непал рақобат хоҳад кард. Воқеъан, порсол дар бозии ниҳоӣ «Дордой» бар «Полис» бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардида буд.
Ҳар ду бозии ниманиҳоӣ 19-уми сентябр ва бозии ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 21-уми сентябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, «Регар» ТадАЗ аввалин барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё (соли 2005) мебошад. «Дордой-Динамо» ду бор (солҳои 2006 ва 2007) Ҷоми AFC-ро ба даст овардааст.
Бердимухаммедов мужик! Так держать!!!
Рахмону по барабану ваши требования
Ту ай гуҷо медоники он барой духтар рафтаги он доктор буд бери хамен ӯро чиғ задаги
озод шуду пули мардум нест
озоди ба Иззат Амон