Пайвандҳои дастрасӣ

Се бозии даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҳар се дидор мизбонон пирӯз гардиданд.

«Равшан»-и Кӯлоб CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0, «Динамо»-и Душанбе «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷро бо ҳисоби 3:0 ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Вале натоиҷи ин бозиҳо ба мавқеъи дастаҳои пешсаф дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард. «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар 13 бозӣ 32 имтиёз ба даст овардааст, мисли пешин дар ҷои аввал қарор дорад. Инчунин ҳамлагари «Парвоз» Нӯъмонҷон Ҳакимов, ки 13 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 29 имтиёз ҷои дувумро касб кардааст. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ 29 имтиёз ба даст овардааст, вале таносуби тӯбҳои «Регар» беҳтар аст, бинобар ин хуҷандиҳо дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Парвоз»

13

10

2

1

33-11

32

2.

«Регар» ТадАЗ

12

9

2

1

36-10

29

3.

«Хуҷанд»

13

9

2

2

15-6

29

4.

«Вахш»

13

7

2

4

18-11

23

5.

«Динамо»

13

5

4

4

17-16

19

6.

«Тоҷиктелеком»

14

6

0

8

21-22

18

7.

CSKA «Помир»

14

5

0

9

10-25

15

8.

«Равшан»

15

4

1

10

17-33

13

9.

«Энергетик»

14

3

3

8

19-28

12

10.

«Гвардия»

13

3

2

8

12-29

11

11.

«Саройкамар»

14

2

4

8

23-30

10

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG