Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври 15-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 8:1 шикаст дод. Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бар тими меҳмон – CSKA «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар майдони худ «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт.

Вале натоиҷи ин бозиҳо ба мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард. Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар 13 бозӣ 32 имтиёз ба даст овардааст, мисли пешин дар ҷои аввал қарор дорад. Инчунин ҳамлагари «Парвоз» Нӯъмонҷон Ҳакимов, ки 13 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 29 имтиёз ҷои дувумро касб кардааст. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 26 имтиёз аз 12 бозӣ дар зинаи севум ҷойгир шудааст. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - дастаи «Вахш» - бо 23 имтиёз дар ҷои чаҳорум мебошад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Парвоз»

13

10

2

1

33-11

32

2.

«Регар» ТадАЗ

12

9

2

1

36-10

29

3.

«Хуҷанд»

12

8

2

2

14-6

26

4.

«Вахш»

13

7

2

4

18-11

23

5.

«Тоҷиктелеком»

13

6

0

7

21-21

18

6.

«Динамо»

12

4

4

4

14-16

16

7.

CSKA «Помир»

13

5

0

8

10-23

15

8.

«Энергетик»

14

3

3

8

19-28

12

9.

«Гвардия»

13

3

2

8

12-29

11

10.

«Равшан»

14

3

1

10

15-33

10

11.

«Саройкамар»

13

2

4

7

23-27

10

Дар даври 16-уми мусобиқот 25-уми июн «Равшан» (Кӯлоб) ва CSKA «Помир» (Душанбе), «Динамо» (Душанбе) ва «Саройкамар» (Панҷ), 30-вуми июн «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Тоҷиктелеком» (Қӯрғонтеппа) ва 2-вуми июл «Равшан» (Кӯлоб) ва «Энергетик» (Душанбе) бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG