Дар гурӯҳи аввал Австралия аз Чин ва Ироқ аз Қатар бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб шуданд. Дар ин гурӯҳ Австралия ва Қатар бо 10- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор гирифтанд.
Дар гурӯҳи 2-юм Жопун Баҳрайнро бо ҳисоби 1:0 ва Уммон Тайландро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд. Дар ин гурӯҳ Жопун бо 13 имтиёз дар зинаи аввал ва Баҳрайн бо 11 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шуданд.
Дар гурӯҳи 3-юм Урдун бар Туркманистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Бозии Куриёи Шимолӣ ва Куриёи Ҷанубӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар ин гурӯҳ дастаҳои Куриёи Ҷанубӣ ва Куриёи Шимолӣ бо 12-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб карданд.
Дар гурӯҳи 4-ум Арабистони Саъудӣ бар Узбакистон бо ҳисоби 4:0 ва Сингапур бар Лубнон бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд. Дар ин гурӯҳ Арабистони Саъудӣ ва Узбакистон 15-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Арабистон дар ҷои аввал ва Узбакистон дар ҷои дуввум қарор гирифтанд.
Дар гурӯҳи 5-ум Эрон Кувайтро бо натиҷаи 2:0 ва Сурия Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 3:1 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ Эрон бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Аморат ва Сурия 8-имтиёзӣ ба даст оварданд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Аморат дувум ва Сурия севум шуданд.
Бад-ин тартиб 10 дастаи миллӣ - Австралия ва Қатар (гурӯҳи 1-ум), Жопун ва Баҳрайн (гурӯҳи 2-юм), Куриёи ҷанубӣ ва Куриёи шимолӣ (гурӯҳи 3-юм), Арабистони Саъудӣ ва Узбакистон (гурӯҳи 4-ум), Эрон ва Аморати Муттаҳидаи Араб (гурӯҳи 5-ум) - ба даври чаҳорум роҳ ёфтанд ва муборизаро барои дарёфти роҳхатҳо ба Ҷоми ҷаҳон-2010, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, идома медиҳанд. Қуръакашии даври ниҳоӣ рӯзи 27-уми июн дар Малайзиё - қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё - баргузор мешавад.