Пайвандҳои дастрасӣ

СММ тасмим гирифтааст ба 12 кишвари ҷаҳон, ки аз хушксолӣ ва болоравии нархи хӯрокворӣ зарар дидаанд, 30 миллион доллар кӯмак кунад.

Бино ба гуфтаи маркази итилоъотии СММ, дар ин 12 кишвари ҷаҳон, ки Тоҷикистон аз он истисно нест, миллионҳо нафар дар ҳоли ногувор қарор дошта, аз камғизоӣ ранҷ мебаранд.

Маркази иттилоотии СММ аз қавли Джон Холмс, муъовини дабири кулли СММ мегуяд, дар ҳоли ҳозир чандин миллион нафар одамон дар ин 12 кишвари ҷаҳон бино ба камобӣ, камҳосилй ва болоравии бесобиқаи нархи маводи хурданӣ ва сухт, дар ҳоли ногувор ва гуруснагӣ қарор доранд.

Аммо мақомоти зидахли Тоҷикистон ба чунин натиҷагирӣ розӣ нестанд ва мегуянд, вазъи иқтисодӣ ва бӯҳрони озуқаворӣ дар Тоҷикистон на ба он гунае нест, ки созмонҳои байнулмиллӣ ва матбуоти даврӣ мегуянд. Нарзулло Дадабоев, раиси маркази матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодй гуфт, воқеан соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба кӯмакҳои беруна ниёз дорад, аммо имсол аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ як қатор тадбирҳое андешида шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта ҳосили беҳтари гандум ва дигар маводи хурданӣ ба даст оварда шавад ва мушкилоти камбуди озуқа то андозае ҳал карда шудааст.

Ва ба гуфтаи оқои Дадабоев, як далели ин гуфтаҳо ин аст, ки имсол ба Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта аз кишвархои хориҷ 400 000 тонна гандуму орд кам ворид карда шудааст. Аммо оқои Дадобоев ба ин суол, ки оё ин миқдор гандуму орди номбаршуда, ки бояд дар дохили кишвар истеҳсол карда шавад, барои чанд муддат ва ба чи теъдод одамон метавонад бирасад, посухи мушаххасе нагуфт.

Оқои Дадобоев афзуд, яке аз мушкилоти аслие, ки феълан дар пешорӯйи кишоварзони тоҷик қарор дорад, ин нарасидани тухмии балансифат ва техника кишоварзӣ будааст ва ин кӯмакҳои пулие, ки СММ меҳоҳад дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад, маҳз барои ҳалли ҳамин мушкил масраф хоҳад шуд.

Ва аммо коршиносони масоили иқтисод ва кишоварзӣ мегуянд, гандуму орде, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, ҳатто барои се моҳ наметавонад басанда бошад.

Ба ин тартиб, бино ба иттиллои маркази итилоотии СММ, ин 30 миллион доллари амрикоиро, ки барои бартараф кардани оқибатҳои хушксолӣ ва болоравии қимати маводи хурданӣ, хусусан орду гандум, пешбинй шудааст, қарор аст бунёди изтирории Созмони Милал то ниммаи дуввуми моҳи августи соли равон, дар ихтиёри 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Тоҷикистон гузорад.

Гуфта мешавад, бунёди мазбур дар тули ҳамин сол ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои хушксолӣ, сардии бесобиқа ва болораии нархи маводи хурданӣ ва сухт 60 миллион доллар ба кишварҳои ниёзманди ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, кӯмак кардааст.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG