Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи омӯзишгоҳи тибби оилавӣ дар Ғарм


Дар Ғарм бо кӯмаки Бонки Осиёии Рушд маркази омӯзиши тибби оилавӣ барои пизишкони водии Рашт ифтитоҳ шуд.

Санъат Шукуров, масъули маркази мазкур дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар доираи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо маблағҳои қарзии Бонки Осиёии Рушд ин марказ тармиму таҷдид ва бо ҳама фановариҳои лозимаи замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Вай афзуд, то имрӯз пизишкони ноҳияи Рашт бахшҳои тибби оилавиро дар шаҳри Душанбе меомухтанд, ки дурии роҳ, набуди шароити зист ва камбдиҳои будубош аз мушкилоти аслӣ дар роҳи омӯзиш маҳсуб мешуд. Вай ҳамчунин гуфт, тибби оилавӣ имрӯз дар аксари кишварҳои дунё бештар маъмул мешавад, ки дар болоравии маърифати тандурустии аҳолӣ ва пешрафти сиҳатии ҷомеъа дар ин водӣ саҳмгузор хоҳад буд.

Аз сӯи дигар, гуфт ӯ, ҳамаи хизматрасонии тибби оилавӣ ройгон сурат мегирад ва ҳар як пизишк ба беш аз як ҳазор нафар аҳолӣ хизматрасонӣ хоҳад кард.

Ва дар ҳоле, ки масъулини ин ниҳод аз пешрафти тибби оилавӣ дар ин ноҳия ҳарф мезананд, бисёре аз соҳибназарон камии маоши табибонро мушкиле дар амалишавии ин барномаҳо медонанд. Коршиноси маҳаллӣ Собирҷон Ҷонов мегӯяд, бо вуҷуди гузаштан ба системаи тибби пулакӣ ва ҳамзамон роҳандозии тибби оилавӣ аз сабаи кам будани маоши пизишкон вай чандон беҳбудиҳоеро дар соҳаи беҳдоштии минтақа эҳсос намекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки то ба имрӯз аз ноҳияи Рашт беш аз 30 нафар пизишкон ва 130 нафар ҳамшираҳои шафқат дарсҳои омӯзиши тибби оилавиро дар Душанбе фаро гирифтаанд.

Бо кушоиши маркази таълими тибби оилавӣ дар минтақа на танҳо сокинони Ғарм, балки ҳамчунин намояндагони дигар навоҳии водӣ, аз ҷумла Тоҷикобод, Ҷиргатол, Нуробод, Тавилдара, Обигарм ва шаҳри Роғун низ имкони таҳсил дар ин марказро пайдо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG