Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Қонуни раъйпурсии Тоҷикистон


Лоиҳаи иловаҳо ба қонун «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагон ироа гардидааст.

Қонуни мазкур дар соли 1995 таҳия ва қабул шуда ва сипас дар соли 2001 ба он ислоҳот ворид карда шудааст. Ин барои дуввумин маротиба аст, ки ин қонун ба ислоҳот дучор мешавад. Адами ҳузури нозирони байнулмилалӣ ва маҳаллӣ дар қонун «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва номуайянии шароити ширкат ва нақши онҳо дар он боис шудааст, ки давлат ба ислоҳоти он бипардозад.

Муҳибулло Додоҷонов, масъули дафтари Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, гуфт, баргузории ҳамапурсиҳо дар кишвар дар доираи қонуни амалкунанда дар чанд соли охир маълум кард, ки он бо стандартҳо ва меъёрҳои байнулмилалӣ муғойират доштааст. Оқои Додоҷонов афзуд, ба ин далел ҳадафи асосии тағйиру илова ба қонун «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ муайян ва мушаххас кардани шароити ширкати мушоҳидони хориҷӣ ва маҳаллӣ мебошад.

Ҳамин манбаъ афзуд, ки тағйироте дигар ҳам дар ин қонун пешниҳод шудааст, ки бештари онҳо хусусияти забонӣ дошта ва бар моҳияту мазмуни он таъсир намегузоранд.

Ин дар ҳолест, ки Шокирҷони Ҳаким, устоди ҳуқуқ дар Донишгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, мегӯяд, қонуни мазкур бояд бо ширкати аҳли васеъи ҷомеъа ва ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ муҳокима шавад. Зеро дар ҳоли ҳозир тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи интихобот бо ширкати созмонҳои байнулмилалӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои иҷтимоӣ пешниҳод шудааст, ки бархе аз меъёрҳои ин ду қонун ба ҳам наздик ҳастанд. Оқои Ҳаким афзуд, ки аз ҷумла пешниҳод барои таъсиси Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва ҳавза ва қитъаҳои раъйдиҳӣ бо ширкати баробари аҳзоби сиёсӣ яке аз онҳост, ки мустақим ба қонун «Дар бораи раъйпурсии Тоҷикистон» дахл дорад.

Аммо Муҳибулло Додоҷонов, масъули дафтари Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, бо таъйиди ин нукта, ки бархе аз номутобиқатиҳо дар қонунгузории кишвар вуҷуд дорад, гуфт, ки ба манзури ислоҳоти куллӣ дар ин замина омодагиҳо барои таҳия ва тасвиби Кодекси интихобот дар Тоҷикистон идома дорад ва бо қабули ин кодекс ҳамаи ин навоқис аз байн хоҳад рафт.

Дар Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ду маротиба - яке барои боқӣ мондан ва ё намондани ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва маротибаи дигар барои тағйири номи шаҳри Ленинобод ба Хуҷанд - раъйпурсӣ доир шуда буд. Сипас дар даврони истиқлолият се маротиба раъйпурсӣ доир гардид, ки дар соли 1994 дар чаҳорчӯби яке аз онҳо Қонуни асосии кишвар қабул гардид ва сипас ду маротиба дар солҳои 1999 ва 2003 бо роҳандозии ҳамапурсӣ ба Қонуни асосии кишвар ислоҳот ворид карда шуд.

XS
SM
MD
LG