«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, CSKA «Помир»-и Душанбе бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва «Энергетик»-и Душанбе бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунанд.
Бозии охирини даври 11-ум 5-уми июн байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Динамо»-и Душанбе сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол дастаи «Регар» ТадАЗ бо 23 имтиёз дар ҷои аввал,
«Парвоз бо 19 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хуҷанд» бо 16 имтиёз дар ҷои севвум қарор доранд.